Ҷузъиёти фирори Ашраф Ғанӣ аз забони раиси дафтараш: “Ин фирор як миллатро шармсор кард”

Матин Бек, охирин раиси дафтари Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешин ва фирории Афғонистон, ҷузъиёти фирори Ғанӣ ва авзои чанд рӯз пеш аз суқути Кобулро дар як гуфтугӯйи вижа бо "BBC форсӣ" дар миён гузоштааст. Раиси дафтари Ғанӣ мегӯяд, ки оқои Ғанӣ бо фирори худ сабаби суқути низом дар Афғонистон, таҳқиру тавҳини неруҳои амниятӣ ва барбодии орзуҳои […]

Матин Бек, охирин раиси дафтари Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешин ва фирории Афғонистон, ҷузъиёти фирори Ғанӣ ва авзои чанд рӯз пеш аз суқути Кобулро дар як гуфтугӯйи вижа бо "BBC форсӣ" дар миён гузоштааст.

Раиси дафтари Ғанӣ мегӯяд, ки оқои Ғанӣ бо фирори худ сабаби суқути низом дар Афғонистон, таҳқиру тавҳини неруҳои амниятӣ ва барбодии орзуҳои як насл шуд. 

Матин Бек дар барномаи "Ба иборати дигар"-и  "BBC форсӣ" мегӯяд, ки рӯзи фирори Ашраф Ғанӣ Арг ё кохи раёсатҷумҳурӣ амтарин ҷойи Кобул буд ва ҳеч хатаре ба раисҷумҳур таҳдид намекард.

Ин мансабдори хеле наздик ба Ашраф Ғанӣ мегӯяд, ки ду-се рӯз пеш аз фирор раисҷумҳур бо мушовири амнияти миллии худ Ҳамдулло Муҳиб бисёр бо ҳам менишастанду тарҳҳое мекашиданд. 

Ба гуфтаи Матин Бек, дар ин рӯзҳо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки дар Давҳаи Қатар буд, ба ӯ занг задаасту берун аз қоидаи дипломатӣ ба таври хусусӣ вазъиятро пурсидааст, ки эшон аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ хостаанд, ҳарчи зудтар ба Кобул баргардад, ки вазъ хуб нест. 

Ҷузъиёти дигар ва асосиро метавонед аз ин барнома бибинед.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...