Тоҷикистону Туркия мехоҳанд ҳаҷми савдои дуҷонибаро то 1 млрд расонанд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Тоҷикистону Туркия солҳои наздик тавассути роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва коркарди алюминий бо шумули истеҳсоли маҳсулоти ниҳойӣ аз он, мехоҳанд ҳаҷми савдои дуҷонибаро то 1 млрд доллар расонанд.

Тавре сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар медиҳад, рӯзи 17 ноябр дар Анқара ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии кишварҳо баргузор шудааст.

Вохӯрии корӣ бо иштироки муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Умед Солеҳзода ва муовини вазири саноат ва технологияҳои Туркия Четин Алӣ Донмез доир гардида, дар он инчунин шахсони расмии вазорату идораҳо ва намояндагиҳои дипломатии ҳар ду кишвар тариқи ҳузури бевосита ё онлайн ширкат варзидаанд.

Дар вохӯрии корӣ масоили саривақт ва пурсамар табиқ намудани қарордодҳои қаблан ҳосилшуда, густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату сармоягузорӣ, нақлиёту саноат, маорифу илм, бахши кишоварзӣ, муҳоҷират, энергетика, соҳаҳои тандурустӣ, фаршанг ва сайёҳӣ баррасӣ шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи октябри соли ҷорӣ дар Душанбе ҷаласаи 11-уми байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия доир гардида, дар он “Нақшаи амалҳои муштарак” қабул шуд. Ҷаласаи навбатии Комиссия соли 2022 дар Анқара баргузор мешавад.

Тибқи маълумоти оморӣ, тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Туркия 177 млн долларро ташкил додааст.

Ёдрас мекунем, ки соли 2020 ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019 ба андозаи 17% афзуда, 323 млн долларро ташкил дода буд.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз Тоҷикистону Туркия ҳудуди 60 корхонаҳои муштараки саноатӣ таъсис додаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...