Тоҷикистону Туркия мехоҳанд ҳаҷми савдои дуҷонибаро то 1 млрд расонанд

Тоҷикистону Туркия солҳои наздик тавассути роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва коркарди алюминий бо шумули истеҳсоли маҳсулоти ниҳойӣ аз он, мехоҳанд ҳаҷми савдои дуҷонибаро то 1 млрд доллар расонанд. Тавре сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар медиҳад, рӯзи 17 ноябр дар Анқара ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии кишварҳо баргузор шудааст. […]

Тоҷикистону Туркия солҳои наздик тавассути роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва коркарди алюминий бо шумули истеҳсоли маҳсулоти ниҳойӣ аз он, мехоҳанд ҳаҷми савдои дуҷонибаро то 1 млрд доллар расонанд.

Тавре сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар медиҳад, рӯзи 17 ноябр дар Анқара ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии кишварҳо баргузор шудааст.

Вохӯрии корӣ бо иштироки муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Умед Солеҳзода ва муовини вазири саноат ва технологияҳои Туркия Четин Алӣ Донмез доир гардида, дар он инчунин шахсони расмии вазорату идораҳо ва намояндагиҳои дипломатии ҳар ду кишвар тариқи ҳузури бевосита ё онлайн ширкат варзидаанд.

Дар вохӯрии корӣ масоили саривақт ва пурсамар табиқ намудани қарордодҳои қаблан ҳосилшуда, густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату сармоягузорӣ, нақлиёту саноат, маорифу илм, бахши кишоварзӣ, муҳоҷират, энергетика, соҳаҳои тандурустӣ, фаршанг ва сайёҳӣ баррасӣ шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи октябри соли ҷорӣ дар Душанбе ҷаласаи 11-уми байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия доир гардида, дар он “Нақшаи амалҳои муштарак” қабул шуд. Ҷаласаи навбатии Комиссия соли 2022 дар Анқара баргузор мешавад.

Тибқи маълумоти оморӣ, тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Туркия 177 млн долларро ташкил додааст.

Ёдрас мекунем, ки соли 2020 ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019 ба андозаи 17% афзуда, 323 млн долларро ташкил дода буд.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз Тоҷикистону Туркия ҳудуди 60 корхонаҳои муштараки саноатӣ таъсис додаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.