Дар Душанбе ду мардро барои озор додани занҳояшон 5 шабонарӯз ҳабс карданд

Нигина Аслонова, Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ба ду сокини шаҳри Душанбе барои истифодаи амали озори ҷисмониву хушунат дар оила ба ҳар кадоме 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо таъин шуд. Мардон ҳамсарони худро мавриди лату кӯб қарор додаанд. Дар ин бора Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки яке аз ин занҳо  аз шавҳари собиқи худ ба нозирони пешгирии зуроварӣ дар оилаи мақомоти милитсияи пойтахт дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур шикоят кардааст.

Ба гуфтаи РВКД дар натиҷаи санҷиш маълум гардидааст, ки Ҳасан Муқумови 42-сола дар баробари ҳамсари собиқи худ амалу рафтори хушунатборро истифода намуда, боиси озори ҷисмониву равонии ҷабрдида гардидааст.

Пулиси Душанбе бар асоси муроҷиати зани дигар низ, зимни санҷиш маълум намудааст, ки Амоналӣ Ҷайлобови 36-сола сокини дигари Душанбе дар ҳолати мастӣ бо ҳамсари худ муноқиша намуда, нисбати ӯ зӯру тавонашро истифода кардааст.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон  дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ нозирони пешгирии хушунат дар хонавода ташкил шудааст.

Ёдрас мекунем, ки соли 2020 ба телефони боварии Кумитаи занон ва оилаи ҷумҳурӣ дар бораи хушунати оилавӣ 1 ҳазору 919 муроҷиат расидааст. Дар ҳамин ҳол, 1721 муроҷиат аз ҷониби занон ворид шуда, боқимондаро мардон ирсол кардаанд. Ин маълумот дар нишасти матбуотии Кумита дар соли гузашта садо дода буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...