Конфронси байниминтақавии ҳамкории Тоҷикистону Русия имсол дар Бохтар доир мегардад

Муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук ҳайати ин кишварро дар ҳаштумин Конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия раҳбарӣ мекунад. Конфронс 30 ноябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлони Тоҷикистон баргузор мешавад, хабар медиҳад ТАСС. Гуфта мешавад, дар конфронс масоили ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар бахши кишоварзӣ баррасӣ мешаванд. Конфронси пешини ҳафтум рӯзҳои 16-17 ноябри соли 2019 дар Маскав […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук ҳайати ин кишварро дар ҳаштумин Конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия раҳбарӣ мекунад. Конфронс 30 ноябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлони Тоҷикистон баргузор мешавад, хабар медиҳад ТАСС.

Гуфта мешавад, дар конфронс масоили ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар бахши кишоварзӣ баррасӣ мешаванд.

Конфронси пешини ҳафтум рӯзҳои 16-17 ноябри соли 2019 дар Маскав баргузор шуда, дар кори он роҳбарони идораҳо, намояндагони минтақаҳо, сарварони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ширкатҳои Тоҷикистон иштирок карданд.

Дар чаҳорчӯби барномаи дурӯза мизҳои мудаввар оид ба масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар бахши кишоварзӣ, логистика, саноат, сармоягузорӣ ва тиҷорат, маориф ва фарҳанг баргузор шуданд.

Он замон конфронс дар доираи сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия доир гардида буд.

Дар чаҳорчӯби барномаи дурӯза мизҳои мудаввар оид ба масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои кишоварзӣ, логистика, саноат, сармоягузорӣ ва тиҷорат, маориф ва фарҳанг баргузор шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.