Шартҳои “Толибон” барои либоси занон: “либоси нозук напӯшед ва барҷастагиҳоятонро намудор накунед”

Date:

Вазорати ҳаҷҷу авқофи ҳукумати сарпарасти "Толибон" дастури наве барои занони Афғонистон содир кардааст, ки чӣ гуна метавонанд либос бипӯшанду чӣ гуна либос пӯшидан мумкин нест. 

Ба иттилои шабакаи "Тулуънеюс" ин вазорат гуфтааст, ки занони мусалмон ҳақ доранд аз зоҳири ороста баҳраманд шаванд, аммо ҳақ надоранд худнамоӣ кунанд. 

Ин ниҳоди толибон, дар дастуре, ки рӯзи панҷшанбе, 18-уми ноябр барои хутбаҳои намози ҷумъа содир кардааст, гуфтааст, ки ҳеч зане ҳақ надорад дар пеши мардон худнамоӣ кунад. 

"Занони мусалмон набояд ба гунае либос бипӯшанд, ки барҷастагиҳои баданашон қобили ташхис бошад. Либоси зани мусалмон нозук ҳам набояд бошад, ки баданашон намоён шавад",-омадааст дар ин дастур.

Ин вазорат пӯшонидани сурати занонро фарз хонда ва гуфтааст, ки риояти ҳиҷоб аз зоеъ шудани неруи фикрӣ ва кории ҷавонон ба унвони  сутунфуқароти ҷомеа (қишри муҳими ҷомеа) ҷилавгирӣ мекунад.

Ҳукумати толибон баъди ба ғасби қудрат дар Афғонистон дастурҳои сангинеро барои риояти дастурҳои исломӣ ҷорӣ кардаанд, ки бештари мардуми Афғонистон ин қоидаҳоро бардоштҳои толибон аз ислом унвон мекунанд. 

Аз ҷумла 12-уми ноябр расонаҳои Афғонистон хабар дода буданд, ки Толибон дар Бадахшон як сокини деҳаи Заргарони ноҳияи Ишкошимро барои гӯш кардани мусиқӣ лату кӯб карданд ва куштанд.

Рӯзномаи "Ҳашти субҳ"-и чопи Кобул аз ин ҷавон Воҳидуллоҳ ном бурда буд, ки  ӯро толибон ҳангоми гӯш кардани мусиқӣ аз телефони ҳамроҳаш боздошт карда буданд.

Толибон дар ҳукумати қаблияшон (1996-2001) барои қоидаҳои сахтгиронашон, ки ҳамчун дастурҳои диннӣ ба мардум ва ҷомеаи Афғонистон талаққӣ мекарданд, ҳамеша аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди интиқод қарор мегирифтанд. 

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...