Кишоварзон: “Барфи аввал ҳадяи бебаҳои илоҳист”

Корманди калони илмии Пажуҳишгоҳи ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ Қурбоналӣ Партоев бар ин назар аст, ки барфи барвақт дар водиҳои Тоҷикистон туҳфаи бебаҳои табиат ба кишоварзони ҷумҳурист. “Барф хеле саривақт борид, – чунин мешуморад вай. – Ин аҳаммияти мусбати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ дорад”. Ба гуфтаи ӯ, имсол бо сабаби боло […]

Корманди калони илмии Пажуҳишгоҳи ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳои Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ Қурбоналӣ Партоев бар ин назар аст, ки барфи барвақт дар водиҳои Тоҷикистон туҳфаи бебаҳои табиат ба кишоварзони ҷумҳурист.

“Барф хеле саривақт борид, – чунин мешуморад вай. – Ин аҳаммияти мусбати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ дорад”.

Ба гуфтаи ӯ, имсол бо сабаби боло рафтани ҳарорат, камобӣ шуда, намнокии замин аз ҳолати муқаррарӣ бамаротиб поин рафт, ки ба коҳиши ҳосилхезии замин ва бороварии баъзе зироатҳои кишоварзӣ боис гардид.

“Ин барф мисли доруест барои кишоварзони машғули кишти зироатҳои лалмӣ. Пас аз боридани барф замин нарм шуда, коркарди он осон мешавад, ки ин барои деҳқонони машғули кишти зироати ғалладона хеле фоиданок аст, — гуфт Партоев. – Барфи борида киштзору дарахтонро аз таъсири тӯфони чангу ғубор ва ифлосиҳои зарарнок тоза карда, ҳаво тоза шуд, ки ин ба вазъи солимии одамон, ҳайвонот ва растаниҳо таъсири хуб мерасонад. Аз лиҳози иқтисодӣ бошад, киштзорҳое, ки аз хушксолӣ зарар мебинанд, намии заруриро гирифта, деҳқонон дар обёрӣ сарфа мекунанд».

Фермер аз Турсунзода Ҳабибулло Дӯстов мегӯяд, барф ба боғу киштзорҳо таъсири мусбат мерасонад: ҳашароти зараррасон нобуд шуда, дарахтон ба хоби зимистона мераванд ва коркарди заминҳо хеле осонтар мешавад.

“Мо ҳосили ангурро пеш аз барфи аввал ҷамъоварӣ кардем, зеро тавассути замимаҳои зарурии телефонҳо аз обу ҳаво огоҳ будем, – гуфт деҳқон. – Ҳосил ҷамъоварӣ ва дар яхдон нигаҳдорӣ мешавад. Ҳоло сари пайвандкунии навъҳои нав барои содирот фикр дорем. Токзорхои кӯҳнаро нав карда, ба ҷойи навъҳои камҳосил токзорҳои нав парвариш мекунем”.

Ба гуфтаи фермер, барф ба таъми ангуру хурмо таъсир намерасонад, вале онҳое, ки ба ҷамъоварии он фурсат наёфтаанд, аз бад шудани намуд (симои зоҳирӣ)-и мева зарар мебинанд.

Шоҳимардон Саломов, як кишоварзи дигар аз ноҳияи Ҳисор мегӯяд, барф барои гирифтани ҳосили хуби ғалладона ба деҳқонон дар заминҳои лалмӣ мусоидат мекунад ва барои сокинони деҳоте, қитъаи ба истилоҳ “заминҳои президентӣ” доранд, фурсати кишти гандум фаро расидааст.

«Соли гузашта ҳама киштро дер карданд, аз ин рӯ, ҳосил кам шуд, имсол бошад, тавре мебинед, оғози мавсими кишоварзӣ хеле мусоид аст», – мегӯяд деҳқон.

Пас аз боридани барф ва зуд об шудани он, дарёҳои Тоҷикистон аз об пур шуда истодаанд.

Сокинони деҳаи Каронии шаҳри Турсунзода, ки дарёи хурди Манзоб тариқи он мегузарад, изҳор намуданд, ки то боридани барф бо як ҷаҳидан аз дарё гузаштан мумкин буд, акнун он чунон сероб шудааст, ки одамро бурда метавонад.

Тайи 5 соли ахир зимистони бебарф дар Тоҷикистон боиси нигаронӣ шудааст, зеро бинобар нарасидани намӣ дар замин, барои ба даст овардани ҳосили начандон зиёд зарурати дубора коштани ғалла ба вуҷуд меомад, то ки хароҷоти техника бароварда шавад.

Тибқи маълумоти СММ, хушксолӣ аллакай ҳадди ақалл 124 млрд доллар зиёни иқтисодӣ ба бор оварда, аз давраи соли 1998 то соли 2017 ба зиёда аз 1,5 млрд нафар аҳолии сайёра таъсир расонидааст.

Бино ба маълумоти Созмон, зиёни Тоҷикистон аз ин аллакай зиёда аз 57 млн доллар арзёбӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.