Манбаъ: Интизор меравад, Додгоҳи олӣ парвандаи Иззат Амонро дигарбора баррасӣ кунад

Наздикони Иззат Аммон мегӯянд, ки эҳтимол меравад, дар сурати пешниҳод кардани маълумотнома аз ВКД ба Додгоҳи олӣ, ин ниҳод парвандаро дигарбора баррасӣ кунад. Рӯзи душанбеи 16-уми ноябр Додгоҳи олии Тоҷикистон, ҳангоми баррасии шикоят, аз наздикони ҳомии маҳкумшудаи муҳоҷирони тоҷик Иззат Амон хоста буд, ки аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон маълумотнома биёранд, ки нисбати ӯ парвандаи […]

Наздикони Иззат Аммон мегӯянд, ки эҳтимол меравад, дар сурати пешниҳод кардани маълумотнома аз ВКД ба Додгоҳи олӣ, ин ниҳод парвандаро дигарбора баррасӣ кунад.

Рӯзи душанбеи 16-уми ноябр Додгоҳи олии Тоҷикистон, ҳангоми баррасии шикоят, аз наздикони ҳомии маҳкумшудаи муҳоҷирони тоҷик Иззат Амон хоста буд, ки аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон маълумотнома биёранд, ки нисбати ӯ парвандаи дигаре кушода шудааст ё не. Дар ин бора наздикон Иззат Амон бо такя ба хулосаи Додгоҳи олӣ хабар доданд.

Онҳо гуфтанд, ҳафтаи равон додраси Додгоҳи олӣ бе ҳузури Иззат Амон шикояти вакили дифоъ ва наздиконашро баррасӣ кард ва ҳукми додгоҳи ибтидоиро бетағйир гузошт.

– Аз Додгоҳи олӣ гуфтанд, аз ВКД маълумотнома биёред, ки алайҳи Иззат Амон парвандаи дигаре кушода шудааст ё не, гуфт –Муҳаммадюсуф Холов писари Иззат Амон.

Дар ҳамин ҳол, онҳо мегӯянд, маълум нест, бо кадом далел чунин як маълумотнома пурсида шудааст. Вале як нафари наздик ба парванда ба “Азия-Плюс” гуфт, сабаби дархости маълумотнома пахши видеову гузоришҳо бо ҳимоят аз Иззат Амон ва ҳамчунин даъвоҳо алайҳи ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст.

– Мувофиқи қонуни афви имсол як қисми мавод ҷудо ва пурра баррасӣ нашуда бошанд, афв нисбати гумонбар татбиқ намешавад. Яъне мақомот мехоҳанд мутмаин бошанд, ки чунин иддаоҳо боиси боз шудани парвандаи нав шудааст ё не, -гуфт ҳамсуҳбати мо.

Манбаъи мо гуфт, дар сурати гирифтани маълумотнома аз ВКД Додгоҳи олӣ ҳукми содиршуда дар баробари Иззат Амонро дубора баррасӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, аз Дафтари матбуоти ВКД ба "Азия-Плюс" дар мавриди боз шудан ё нашудани парвандаи нав алайҳи Иззат Амон изҳори бехабарӣ карданд.

Наздиконаш бовар доранд,  ба зидди Иззат Амон ба ҷуз аз парвандаи қаллобӣ иттиҳоми дигаре эълон нашудааст. Онҳо мегӯянд, аллакай вакили дифои Иззат Амон ба ВКД барои дарёфти маълумотномае, ки додгоҳ хостааст дархост додааст ва мунтазири посух ҳастанд.

“Азия-Плюс” талош кард, назари Додгоҳи олии Тоҷикистонро дар пайванд ба баррасии охири парванда ва талаби маълумотнома бигирад, вале муваффақ нашуд.

Дафтари матбуоти ин ниҳод барои дарёфти ин мавқеи Додгоҳ дархости мактуби расмӣ кард.

Иззат Амон рӯзи 19 октябр, бо қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе 9 сол равонаи зиндон гардид. Аз ин пештар, вакили дифои Иззат Амон изҳори умедворӣ карда буд, ки бо эълони афв ба муносибати 30-солагии Истиқлол парвандаи Иззат Амон шомили афв мешавад.

Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва баъдан ВКД Тоҷикистон гуфт ӯро дар Душанбе боздошт ва алайҳи ӯ бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.