“Аз 72 ба 48 соат”: акнун мақомот гумонбарро танҳо ду шабонарӯз боздошт мекунанд

Тибқи тағйироти ахир дар қонунгузории Тоҷикистон замони бозпурсии гумонбаршуда аз лаҳзаи боздошт аз 72 соати қаблан пешбинишуда ба 48 соат кам карда мешавад. Дар ин бора муовини Додситони кулли Тоҷикистон Мирзоамон Рофизода дар ҳузури вакилони парлумон хабар дод. Номбурда, ки лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистонро дар ҷаласаи […]

Тибқи тағйироти ахир дар қонунгузории Тоҷикистон замони бозпурсии гумонбаршуда аз лаҳзаи боздошт аз 72 соати қаблан пешбинишуда ба 48 соат кам карда мешавад. Дар ин бора муовини Додситони кулли Тоҷикистон Мирзоамон Рофизода дар ҳузури вакилони парлумон хабар дод.

Номбурда, ки лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистонро дар ҷаласаи дирӯзаи парлумон муаррифӣ мекард гуфт, ҳоло кодекси мазкур муқарар кардааст, ки шахсро аз лаҳзаи боздошт бояд дар давоми на бештар аз 72 бозпурсӣ кунанд.

– Дар лоиҳаи пешбинишуда шахси гумонбаршуда набояд аз 48 соат зиёд бозпурсӣ карда шавад, – гуфт Рофизода.

Гап сари он аст, ки бар асоси қонунгузории ҷории Тоҷикистон боздошти шахс бо асосҳои ҷойдошта ба муҳлати зиёда аз 72 соат мумкин нест. Бо гузашти 72 соат дастгиршуда бояд раҳо шавад, ё нисбаташ чораи дигари пешгирӣ татбиқ гардад. Акнун ин муҳлат аз 72 соат ба 48 соат кам карда шуд.

Рофизода Мирзоамон ҳамчунин, гуфт, муҳлати бозпурсии ноболиғон аз лаҳзаи боздошт аз 24 соати муқараршуда ба 12 соат кам карда шуд.

Ӯ ин тасмимро ба осебпазир будани ноболиғон ва таъмини босамари ҳуқуқу манфиатҳои  қонуни кӯдакон маънидод кард.

– Тибқи муқаррароти Кодекси амалкунандаи мазкур маҳдудияти зарурии давомнокии пурсиши ҷабрдидаи нобилиғ ба синну соли онҳо пешбинӣ нашудааст. Аз ин рӯ, дар лоиҳаи пешбинишуда маҳдудиятҳо вобаста ба давмнокии пурсишҳои ҷабрдида аз рӯи синну сол – то 7, 14, 16 ва аз 16 то 18-сола пешбинӣ карда шуд, – шарҳ дод муовини Додситони кул.

Ҳамчунин, вакили парлумон Раъно Бобоҷониён дар шарҳи лоиҳаи тағйиру иловаҳои мазкур гуфт, он барои ба инобат гирифтани ҳуқуқи ноболиғон ва таъмини босамари манифтаҳои қонунии онҳо пешбиниӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.