Дар КҲФ ба вазъи гурезаҳо таваҷҷуҳ зоҳир шуд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон Рустам Назарзода зимни мулоқот бо роҳбари Раёсати умури паноҳандагони СММ дар Осиёи Марказӣ Ханс Фридрих Шоддер дар баробари дигар масоили муҳим, доир ба гурезаҳо низ ибрози назар кард.

Дар ин бора маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад. Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ ба вазъияти кунунӣ дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.

“Дар ин робита масоили роҳандозии тадбирҳои зарурӣ дар сурати вуруди миқдори зиёди гурезаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”, – зикр мешавад дар хабар, лекин мушаххасан доир ба тадбирҳо чизе гуфта нашудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин атрофи масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳо ва татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳои муштарак, вокуниш ба офатҳо, ҳамкориҳои мутақобила дар самти иттилоърасонӣ ва огаҳкунии аҳолӣ дар бораи таҳдиду хатарҳо, инчунин омода кардани мутахассисони имдодгар ва расонидани кумаки техникӣ табодули назар сурат гирифтааст.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезаҳо аз ихроҷи шаҳрвандони Афғонистон, ки хостори паноҳгоҳ дар Тоҷикистон мебошанд, изҳори нигаронӣ кард.

Раёсат аз мақомоти Тоҷикистон даъват намудааст, ки аз баргардонидани ҳама гуна хоҳишмандони паноҳгоҳ ба Афғонистон худдорӣ намуда, фавран анҷоми расмиёти будубоши қонунӣ ва муайян кардани мақоми паноҳандагонро барқарор кунанд.

Аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни вохӯрӣ бо роҳбари Намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо (UNHCR) Мулугета Зевди изҳор намуда буд, ки танҳо дар 15 соли охир Тоҷикистон зиёда аз 15 ҳазор гурезаҳои афғонро қабул кардааст.

Он замон вазир таъкид дошта буд, ки давоми 20 сол ба Тоҷикистон ҷиҳати бунёди инфрасохтор барои қабули гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда аз ҷониби ягон созмону ташкилотҳои байналмилалӣ кумаки амалӣ эҳсос карда нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...