Ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Рустами Эмомалӣ хост роҳкирои мактабхонҳо дар Душанбе ройгон ё 50% шавад

Бархе аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ирсоли як номаи боз аз шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ хоҳиш карданд, ки роҳкироро барои хонандагони мактаб дар нақлиёти ҷамъиятӣ ройгон ё 50 дар сад арзон кунад.  Ин номаро яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ Зулфия Раҳматова дар саҳфаи фейсбукии худ нашр кардааст.   Дар ин […]

Бархе аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ирсоли як номаи боз аз шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ хоҳиш карданд, ки роҳкироро барои хонандагони мактаб дар нақлиёти ҷамъиятӣ ройгон ё 50 дар сад арзон кунад. 

Ин номаро яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ Зулфия Раҳматова дар саҳфаи фейсбукии худ нашр кардааст.  

Дар ин нома омадааст, ки "муҳтарам Рустами Эмомалӣ, хоҳиш мекунем, ки имкони ҷорӣ кардани сафари ройгон барои мактабхонҳо ё 50% тахфифи солона дар нақлиёти ҷамъиятиро баррасӣ кунед".

Ҳамчунин аз шаҳрдори Душанбе хоста шудааст, ки ба ронандагон иҷоза дода нашавад, ки мусофирони ноболиғи бебилетро аз автобус фароранд, зеро дар ин сурат кӯдакон наметавонанд сари вақт ба хона раванд, аз ин рӯ таҳти хатар қарор мегиранд.

Дар додхосте, ки Зулфия Раҳматова нашр кардааст гуфта мешавад, ки пас аз боло рафтани нархи нақлиёти ҷамъиятӣ бисёре аз кӯдакон аз таҳсил қафо мондаанд ва барои бархе хонаводаҳои камбизоат, ки ду ё бештар аз он фарзанд доранду бо ду хатсайр сафар мекунанд, пардохти пули нақлиёти ҷамъиятӣ ғайримумкин шудааст. 

"Нархи солонаи кортҳои нақлиётии "Хонанда «Солона» – 300 сомонӣ, «Донишҷӯ Солона» – 520 сомонӣ ва «Шаҳрванд Солона» (барои ҳама шаҳрвандон) – 750 сомонӣ мебошад. Барои хонаводае, ки се мактабхон, ду донишҷӯ ва падару модар ҳастанд, нархи солонаи роҳкиро 3440 сомонӣ мешавад, ки хеле гарон аст»,-гуфта мешавад дар ин дархост.

Дар ин додхост ҳамчунин ишора шудааст, ки вазъи хонаводаҳои камбизоат хеле душвор буда, баъзе кӯдакон ба мактаб ва аз мактаб ба хона пиёда мераванд, ки бо сабаби фаро расидани фасли сармо ҳаво хеле барвақт торик мешавад, ки бачаҳо метавонанд таҳти хатар бошанд.

«Аз Шумо, мухтарам Рустами Эмомали хоҳиш мекунем, ки дархост ва дарди мардумро ба инобат гиред ва ба фарзандони мо кумак кунед», – навишта шудааст дар муроҷиатнома.

Бояд гуфт, ки аз 10-уми ноябри имсол роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе боло рафт. Ин тағйирот дар пасманзари боло рафтани нархи маводи сӯхт ва қисмҳои эҳтиётии нақлиёт дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории кишвар гирифта шудааст.
Боло бурдани ҳаққи роҳкиро дар нақлиётҳои ҷамъяитӣ сару садоҳои зиёдеро дар байни ҷомеа ба бор овард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.