Дар Панҷакент осори нави муҷассамаи Санҷаршоҳ, Амири Хуросонро пайдо кардаанд

Дар ҳудуди шаҳри Панҷакент бостоншиносон тавонистанд осори навро аз муҷассамаи Амир Хуросон Санҷаршоҳ пайдо кунанд. Бостоншиносон дар натиҷаи ҳафриёт ҳуҷрае пайдо кардаанд, ки мутаалиқ ба давраи якуми сохтмонӣ (қарни VIII мелодӣ) буда, таърихи 1200-сола доранд. Инҳо намунаҳои беназири ҳунарҳои кандакориҳои нодире мебошанд, ки аз сӯхтор осеб дидаанд. Ба гуфтаи  бостоншиносон андозаи ҳуҷраи пайдошуда дар давраи якуми […]

Дар ҳудуди шаҳри Панҷакент бостоншиносон тавонистанд осори навро аз муҷассамаи Амир Хуросон Санҷаршоҳ пайдо кунанд. Бостоншиносон дар натиҷаи ҳафриёт ҳуҷрае пайдо кардаанд, ки мутаалиқ ба давраи якуми сохтмонӣ (қарни VIII мелодӣ) буда, таърихи 1200-сола доранд.

Инҳо намунаҳои беназири ҳунарҳои кандакориҳои нодире мебошанд, ки аз сӯхтор осеб дидаанд. Ба гуфтаи  бостоншиносон андозаи ҳуҷраи пайдошуда дар давраи якуми сохтмонӣ ба  13.5 x 13.8 метр мерасад.

Абдураҳмон Пӯлотов, раиси фонди амниятии Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ба хабаргузории давлатии Ховар гуфтааст, ки "осори дарёфтшуда хеле нодир буда, ба фарҳанги бостонӣ рӯшании изофӣ мебахшад".

«Муҷассамаи Санҷаршоҳ дар Панҷакент қалби ҳамин гуна ашёҳост, ки аз маҳорат, шавқу ҳаваси меъморӣ ва кулолгарии сокинони болооби водии Зарафшон дар ибтидои асрҳои миёна дарак медиҳад",- гуфтааст Пӯлотов.

Қобили зикр аст, ки нахустин муҷассамаи асримиёнагии Санҷаршоҳ дар рустои Суҷина, 12 км шарқтар аз шаҳри Панҷакент (вилояти Суғд) ҷойгир буда, мутааллиқ ба асрҳои 5-9 мелодӣ мебошад.

«Новабаста аз он ки қисми зиёди ёдгориро солҳои 1950-ум ва 1970-уми асри гузашта бо мақсади бунёди боғ масъулини онвақтаи деҳаи Суҷина ҳамвор кардаанд, бостоншиносон дар талоши равшан намудани асрори зери он нуҳуфта ҳастанд.  То имрӯз дар ҳудуди ёдгорӣ 8 соҳаи бостонӣ таҳқиқ шудааст, ки дар натиҷа барои дарки сохтори шаҳрак, ҳунар ва фарҳанги моддии он маводи пурқимати таърихӣ ба даст омадаанд», – гуфтааст Пулотов ба "Ховар". 

Гуфта мешавад, ки ин қаср солҳои 740-ум сохта шуда, дар сӯхтори азими солҳои 770-780 хароб гардидааст.  Муҳимтарин натиҷаҳои ин мавсим пораҳои деворнигораҳо ва пораҳои чӯби кандакоришудаи он мебошанд. Сарфи назар аз он, ки аксари ёдгориҳо дар солҳои 50-70-ум кашф шуда буданд, олимон то ҳол дар ин макон ҳафриётҳоро барои бозёфти осори нави таърихӣ идома медиҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.