БАТР: “Хуҷанд яке аз шаҳрҳои муҳим ва афзалиятнок дар сиёсати бонк аст”

Роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар Тоҷикистон Рика Иши, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд қарор дорад, бо раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дидору гуфтушунид кард. Зимни мулоқот масоили татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда ва тарҳрезишудаи давлатии сармоягузорӣ дар бахшҳои технологияҳои рақамӣ, маблағгузорӣ ба иқтисоди сабз, хидматрасониҳо, сохтмони роҳ ва низоми гармидиҳӣ мавриди баррасӣ […]

Роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар Тоҷикистон Рика Иши, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд қарор дорад, бо раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дидору гуфтушунид кард.

Зимни мулоқот масоили татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда ва тарҳрезишудаи давлатии сармоягузорӣ дар бахшҳои технологияҳои рақамӣ, маблағгузорӣ ба иқтисоди сабз, хидматрасониҳо, сохтмони роҳ ва низоми гармидиҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

“Фирдавс Шарифзода ба Рику Иши дар бораи тадбирҳои андешидашуда дар бахшҳои мухталифи иқтисод маълумот дода, зикр кард, ки айни замон бо дастгирии БАТР дар шаҳр 3 лоиҳаи сармоягузории дорои хусусияти иҷтимоӣ бомуваффақият амалӣ карда мешавад», – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии шаҳрдори Хуҷанд Маъмурхон Юсуфзод.

Хуҷанд яке аз марказҳои бузурги саноатии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, айни замон зиёда аз 180 корхонаи саноатӣ дар он фаъолият мекунанд ва шумори умумии соҳибкорон дар бахшҳои гуногуни тиҷорат ва хидматрасониҳо ба беш аз 10 ҳазор нафар мерасад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 1,5 млрд сомониро ташкил медиҳад. Шаҳр бо 40 кишвари ҷаҳон муносибатҳои шарикона дорад.

Зимни вохӯрӣ Рика Иши зикр кард, ки БАТР тайи солҳои охир дар Тоҷикистон фаъолмандии бештар зоҳир намуда, ба густариши дастрасии бахши хусусӣ, занони соҳибкор ва навсозии инфрасохтори коммуналӣ ба маблағгузорӣ мусоидат мекунад.

“Хуҷанд яке аз шаҳрҳои муҳим ва афзалиятнок дар сиёсати бонк аст”, – таъкид дошт роҳбари намояндагии Бонк.

Рика Иши инчунин дар бораи барномаи нави ҳамкорӣ сухан гуфта, изҳор намуд, ки он ба таҳкими бахши хусусӣ тавассути ғанисозии бозори дохилӣ бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ равона хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.