Шаҳрванди Афғонистон, ки дар Душанбе мехостанд аскарӣ баранд, озод шуд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Як шаҳрванди Афғонистони муқими Душанбе Муҳаммад Иқбол Асламро, ки дирӯз, 22 ноябр мақомоти Тоҷикистон қасд доштанд ба хидмати аскарӣ бибаранду пас аз комиссариати ҳарбӣ ба шуъбаи кофтукови ҷиноӣ бурда буданд, озод кардаанд. Дар ин бора падари ҷавон Муҳаммадаслам Ҳошимӣ ба “Азия Плюс” хабар дод.

Ҳошимӣ гуфт, ки субҳи имрӯз, 23-юми ноябр фарзандашро аз шуъбаи кофтукови ҷиноӣ озод карданд.

Падари ҷавон дирӯз дар суҳбат ба “Азия-Плюс” иддао дошт, ки чанде аз кормандони шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ фарзандашро аввал ба шуъба ва баъд ба комиссариати ҳарбии ин ноҳия ва сипас ба ҷойи номаълум бурда буданд. Ӯ аз тақдири ояндаи писраша нигарон буд.

Ба қавли Ҳошимӣ, ӯ бо хонаводааш соли 1998 дар ҳукумати якуми Толибон ба Тоҷикистон фирор карданд, шаҳрванди Афғонистон ҳастанду дар инҷо мақоми паноҳандагӣ доштанд.

Ӯ гуфта буд, дар замони ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ афсари артиши Афғонистон буд ва вақте, ки ба Тоҷикистон паноҳанда шуданд, солҳо баъд ҳаққи иқомат дар Тоҷикистонро дарёф карданд. Ӯ бо писараш ва тамоми хонаводааш ҳаққи иқомат дар Тоҷикистонро доранд.

Ҳамчунин Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Душанбе дар як маълумотномае таъйид карда буд, ки Муҳаммадиқболи Муҳаммадаслан дар воқеъ шаҳрванди Афғонистон асту шаҳрвандии Тоҷикистонро надорад.

Дирӯз, аз Комиссариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфта буданд, ки Муҳаммад Иқболро кормандони милиса бар асоси як аризаи шикоятӣ аз болои ӯ дастгир намуда, ба комиссариат оварданд, вале баъди он ки маълум шуд, ӯ шаҳрванди Афғонистон асту ҳуқуқи хизмат дар Тоҷикистонро надорад, ӯро ба ба шӯъбаи кофтукови ҷиноӣ бурданд.

Ҳамин тариқ, имрӯз Муҳаммад Иқболро аз онҷо озод карданд. Падараш мегӯяд, ки алайҳи ӯ ҳеч иттиҳоме нест ва ӯ комилан озод аст.

Тафсилоти ҳодисаи дирӯзро ин ҷо бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...