Тоҷикистон барандаи мақоми дуюми қаҳрамонии футболи CAFA-2021 шуд

Asia-Plus

Тими мунтахаб (U-15)-и Тоҷикистон мақоми дуюми мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-ро ба даст овард. Ин мусобиқот рӯзҳои 19-23-юми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, ки бо пирӯзии тими мунтахаби наврасони Эрон ба поён расид.

Дар даври охирини мусобиқа, ки рӯзи сешанбе, 23-юми ноябр, доир шуд, мунтахаби Эрон дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби бузурги 8:0 шикаст дод. Дар бозии дигари даври сеюм мунтахаби Тоҷикистон дастаи Узбекистонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.

Ҳамин тариқ, баъди натиҷагирии бозиҳои се даври мусобиқа тимҳои мунтахаби наврасони Эрон ва Тоҷикистон ҳафтимтиёзӣ гирифтанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Эрон мақоми аввал ва Тоҷикистон мақоми дуюмро касб карданд.

Ҷойи сеюм насиби мунтахаби Ӯзбекистон шуд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар бозии аввал ба дарвозаи ҳамсолони худ аз Қириғизистон 5 голи беҷавоб зада, бозии даври дуюмро бо тими Эрон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дода буд.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 15-сола аз рӯи системи даврӣ дар як давра сурат гирифт. 

Ҷоизаи «Fair Play» («Бозии одилона») ба мунтахаби наврасони Қирғизистон супурда шуд. Капитан ё сарвони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Абубакр Сулаймонов, ки се гол зад, беҳтарин нишонзани мусобиқа шуд. Ҷоизаи аз ҳама бозигари муфидро Исмоил Ҳолизода  аз тими мунтахаби Эрон ба даст овард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...