Тоҷикистон барандаи мақоми дуюми қаҳрамонии футболи CAFA-2021 шуд

Тими мунтахаб (U-15)-и Тоҷикистон мақоми дуюми мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-ро ба даст овард. Ин мусобиқот рӯзҳои 19-23-юми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, ки бо пирӯзии тими мунтахаби наврасони Эрон ба поён расид. Дар даври охирини мусобиқа, ки рӯзи сешанбе, 23-юми ноябр, доир шуд, мунтахаби Эрон дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби бузурги 8:0 шикаст дод. Дар бозии дигари даври сеюм мунтахаби Тоҷикистон дастаи Узбекистонро бо […]

Тими мунтахаб (U-15)-и Тоҷикистон мақоми дуюми мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-ро ба даст овард. Ин мусобиқот рӯзҳои 19-23-юми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, ки бо пирӯзии тими мунтахаби наврасони Эрон ба поён расид.

Дар даври охирини мусобиқа, ки рӯзи сешанбе, 23-юми ноябр, доир шуд, мунтахаби Эрон дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби бузурги 8:0 шикаст дод. Дар бозии дигари даври сеюм мунтахаби Тоҷикистон дастаи Узбекистонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.

Ҳамин тариқ, баъди натиҷагирии бозиҳои се даври мусобиқа тимҳои мунтахаби наврасони Эрон ва Тоҷикистон ҳафтимтиёзӣ гирифтанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Эрон мақоми аввал ва Тоҷикистон мақоми дуюмро касб карданд.

Ҷойи сеюм насиби мунтахаби Ӯзбекистон шуд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар бозии аввал ба дарвозаи ҳамсолони худ аз Қириғизистон 5 голи беҷавоб зада, бозии даври дуюмро бо тими Эрон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дода буд.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 15-сола аз рӯи системи даврӣ дар як давра сурат гирифт. 

Ҷоизаи «Fair Play» («Бозии одилона») ба мунтахаби наврасони Қирғизистон супурда шуд. Капитан ё сарвони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Абубакр Сулаймонов, ки се гол зад, беҳтарин нишонзани мусобиқа шуд. Ҷоизаи аз ҳама бозигари муфидро Исмоил Ҳолизода  аз тими мунтахаби Эрон ба даст овард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...