Раиси шаҳри Хоруғ: “ҳама тинҷ аст, мардум аз паси кори худанд”. Манбаъҳо аз идомаи эътироз мегӯянд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Бо гузашти қариб як шабонарӯз аз тазоҳуроти мардум дар назди бинои ҳукумат  дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода, субҳи имрӯз дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки вазъ дар маркази вилоят тинҷ буда, мардум паси кори худанд.

Ин дар ҳолест, ки манбаъҳои ғайрирасмӣ аз идомаи гирдиҳамоии бештар аз ҳазор сокини вилоят дар назди ҳукумати шаҳри Хоруғ хабар медиҳанд, ки аз субҳи 26-уми ноябр дар макон ҷамъ шудаанд. Эътирозгарон аз ҳукумат ва мақомоти қудратӣ ба ҷавобгарӣ кашидани омилони марги як сокини маҳаллиро талаб доранд.

Назарзода ба суоли ин ки, то ба ҳол мардум дар назди бинои ҳукумат қарор доранд, посухи мушаххас надод ва танҳо гуфт, “ҳама тинҷ аст, ташвиш нашавед”

– Вазъият ягон мушкилот надорад, тинҷ аст, ташвиш накашед. Мардум кори худашро карда истодааст. Чӣ хеле ки ҳамарӯза ҳаст, мардум ба кори худаш рафта истодааст. Мардум кори худашро карда истодааст, ҳар кас кори худаш катӣ. Чӣ хеле ки ҳамарӯза аст, мардум кор, мактаб, донишгоҳ рафта истодаанд, – афзуд раиси шаҳри Хоруғ.

Ҳарчанд манбаъҳои ғайрирасмӣ мегӯянд, ки роҳҳо ба шаҳри Хоруғ баста аст, вале  раиси шаҳр гуфт, ки роҳ боз аст.

Тамосҳои пай дар пайи “Азия – Плюс” бо мақомоти қудратии ВМКБ, шаҳри Хоруғ то ҳол бенатиҷа аст. Раҳбарони мақомоти қудратӣ дар ВМКБ  вазъро шарҳ намедиҳанд ва аз пешниҳоди ҳама гуна иттилоъ худдорӣ мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти расмии Бадахшон тариқи телевизиони вилоят хабар доданд, ки дар ҷараёни беназмиҳо дар шаҳри Хоруғ, ки дирӯз, рӯзи 25-уми ноябр гузашт, панҷ корманди ниҳодҳои қудратӣ шадидан захмдор шудаанд.

Ба гуфтаи мақомот се нафари онҳо кормандони Раёсати амнияти вилоят, яке аз пулис ва як корманди додситонӣ будаанд. Мақомот аз сокинон хостаанд, амалҳои ғайриқонунӣ ширкат накунанд.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 25 ноябри дар Хоруғ дар назди бинои ҳукумат шуморе аз сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштақалъа даст ба нишони эътирозӣ задаанд. Ҳамоиши эътирозӣ бар пайи кушта шудани як сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштақалъа Гулбиддин Зиёбеков сурат гирифтааст. Эътирозгарон то нимашаби 25-уми ноябр дар макони эътироз ҳузур доштанд.

Мақомот гузарондани амалиёт барои боздошти Зиёбековро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ӯ барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кофтукови расмӣ қарор дошт.

Зиёбековро бо он гунаҳкор мекарданд, ки ӯ ҳамроҳ бо ҳамдастаҳояш (ки аз онҳо дар хабарҳои расмӣ ном бурда нашудааст) 1 феврали соли 2020 ёвари додситони ноҳияи Роштқалъаро гаравгон гирифта, муддати 8 соат мавриди латукӯб ва шиканҷа қарор дода буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...