Нахустин вокуниши расмӣ ба беназмиҳои Хоруғ: 5 корманди қудратӣ захмӣ шуд, аз кушташудаҳо сухан нест

Телевизиони маҳалии “Бадахшон” дар ВМКБ шоми 25-уми ноябр, як гузориши раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ-ро  нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад бар пайи беназмиҳои рӯзи 25-уми ноябр дар шаҳри Хоруғ 5 корманди мақомоти қудратӣ захмӣ шудаанд.   Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки мақомоти қудратӣ барои боздошти Гулбиддин Зиёбеков, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи […]

Телевизиони маҳалии “Бадахшон” дар ВМКБ шоми 25-уми ноябр, як гузориши раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ-ро  нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад бар пайи беназмиҳои рӯзи 25-уми ноябр дар шаҳри Хоруғ 5 корманди мақомоти қудратӣ захмӣ шудаанд.  

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки мақомоти қудратӣ барои боздошти Гулбиддин Зиёбеков, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа, ки моҳи феврали соли 2020 барои латукӯб ва гаравгон гирифтани ёрдамчии додситони ноҳияи Роштқалъа Абдусамад Абирзода мавриди пайгарди қонунӣ қарор дошт, мераванд. Зиёбеков ба кормандони мақомоти қудратӣ муқовимат мекунад ва ба сӯйи онҳо аз тапончаи тир мекушояд, ки аз тири ҷавобии кормандони қудратӣ захмӣ мешавад,-гуфта мешавад  дар ин гузориш.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки  як гурӯҳ ҷавонони ноогоҳ бо таҳрики ашхоси манфиатҷӯй тартиботи ҷамъяитиро вайрон намуда, рӯзи 25-ноябр бо мақсади ғасби бинои маъмурии МИҲД дар шаҳри Хоруғ ҷамъ шуда, ба иншооти мазкур ҳамла мекунанд.

«Дар натиҷа ҷавонон ба амри кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ итоат накарда,  бо истифода аз силоҳи оташфишон, санг ва дигар таҷҳизоти халандаю буранда ба се нафар кормандони Раёсати амният, як нафар корманди РВКД ва як нафар корманди прокуратураи ВМКБ-ро, ки дар бинои МИҲД ба хизмат сафарбар гардида буданд, ҳамла намуданд. Дар натиҷа панҷ нафар кормандони тафтишоти низом ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд».

Дар ин навор аз кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков ва бар пайи он даст ба эътироз задани сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа чизе гуфта намешавад.

Ин дар ҳолест, ки дар шабакаҳои иҷтимо ва расонаҳои интернетӣ аз марги Зиёбеков хабарҳо нашр шудааст ва ҳамчунин гуфта мешавад, ки гӯя як нафари дигар ҳам дирӯз кушта шудааст, ки то кунун дар бораи ҳувияти ӯ иттилое нашр нашудааст. 

Дар ин гузориши телевизионӣ мақомот аз мардуми ВМКБ ва шаҳри хоруғ хостаанд, ки ба суханҳои беасос бовар накунанд ва тартиботи ҷамъиятиро риоят кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.