Маҳкум шудани падару писар барои ба худкушӣ расонидани арӯси хонадон

Додситонии куллии Тоҷикистон аз маҳкум шудани ду сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Шомурод Саидкулиев ва писараш Мақсад Саидкулиев бо гумони ба худкушӣ расонидани  Нурсултон Ҷумъаева сунҳор (келин)-и аввалӣ ва ҳамсари дувумӣ бар асоси  моддаи 109 қисми 2 кодекси ҷиноятӣ хабар медиҳад. Аммо додситонӣ дар мавридb барои чанд сол маҳкум шудани Саиlкулиевҳо иттилоъ намедиҳад. Парвандаи ин ду […]

Додситонии куллии Тоҷикистон аз маҳкум шудани ду сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Шомурод Саидкулиев ва писараш Мақсад Саидкулиев бо гумони ба худкушӣ расонидани  Нурсултон Ҷумъаева сунҳор (келин)-и аввалӣ ва ҳамсари дувумӣ бар асоси  моддаи 109 қисми 2 кодекси ҷиноятӣ хабар медиҳад. Аммо додситонӣ дар мавридb барои чанд сол маҳкум шудани Саиlкулиевҳо иттилоъ намедиҳад.

Парвандаи ин ду сокини ноҳияи Дӯстиро додситонии ин ноҳия тафтиш кардаву ба мақомоти додгоҳӣ ирсол кардааст. 

Бино ба иттилои додситонӣ, дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии додгоҳӣ муайян шудааст, ки Мақсад Саидкулиев моҳи феврали соли 2019 бо тариқи расму оини мусулмонӣ бо шаҳрванд Нурсултан Джумаева сокини ҳамин ноҳия оила барпо намудааст “ва нисбат ба ҳамсари худ муомилаи бераҳмона ва пастзании мунтазами шаъну эътибор раво дида, нисбаташ суханони қабеҳ ва дашному ҳақорат намуда, беасос номбурдаро мавриди лату кӯб қарор медодааст”.

Дафтари матбуоти Додситонии кулл дар баробари шавҳари Ҷумъаева, падарарӯсашро ба он муттаҳам медонад, ки дар рӯзҳои гарму офтобӣ сунҳорашро ба корҳои саҳрой бидуни истироҳат ҷалб менамудааст.

«Дар натиҷаи ин муносибати мунтазами бераҳмонаи падар ва писар 3-маротиб ҳомиладории Джумаева Н.Р. қатъ гардидааст»,-омадааст дар хабарномаи додситонӣ.

Гуфта мешавад, ки Ҷумъаева  баъди раво дидани ин гуна мунсоибат роҳи ягонаи халосиро дар худкушӣ дидааст.

 «Номбурда  08 майи соли 2021 бо мақсади худкушӣ намудан ба хонаи падараш Джумаев Р.Г. суроғаи ноҳияи Дӯстӣ, Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, деҳаи Деҳқонобод омада, аз набудани аҳли хонаводаашон ва аз фурсати барояш муносиб истифода бурда, дар равчӯби болои боми манзили истиқоматии волидайнаш худро бо руймоли сараш овехта, ба ҳалокат расонидааст»,-хабар медиҳад хабар медиҳад, додситонӣ.

Ҳарчанд дар хзабарномаи додситонӣ барои чанд сол маҳкум шудани ин ду сокини ноҳияи Дӯстӣ оварда нашудааст, вале қисми 2-и моддаи 109-и Кодекси ҷиноятии ҶТ аз 5 то 8 сол маҳрум кардан аз озодиро пешбинӣ мекунад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.