Омикрон-навъи тозаи COVID-19: Кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ тадбирҳо меандешанд?

Манзума Фируз, Asia-Plus

Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки  аз сафар ба кишварҳое, ки дар онҳо штамми  нави коронавирус – “Омикрон” ошкор шудааст, худдорӣ кунанд.

“Тавсия медиҳем ба кишварҳое, ки дар онҳо штамми нави коронавирус  паҳн шудааст, сафар накунанд”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустӣ.

Ӯ зикр кард, ки дар ҷумҳурии мо айни замон ҳолатҳои сироят аз штамми нави коронавирус ошкор нашудааст.

Ба гуфтаи Ҷаъфаров, бар асари хавфи сироят аз штамми нави “омикрон”-и коронавирус дар ҷумҳурӣ то ҳол маҳдудияте ҷорӣ нашудааст, лекин назорат дар сарҳаду фурудгоҳҳо пурзӯртар гардид.

Дар кишварҳои ҳамсоя вазъ чӣ гуна аст?

Қазоқистон дар пасманзари зуҳури штамми нави коронавирус қоидаҳои вуруд ба шаҳрвандони 10 кишвар ва Гонконгро сангинтар мекунад. Ба иттилои Tengrinews, дар ин бора муовини аввали вазири тандурустии ин кишвар Марат Шоранов хабар додааст.

“Бо далели ба кишвар ворид шудани штаммҳои гуногун тариқи шаҳрвандонамон, ки аз хориҷи кишвар бармегарданд, тавсия медиҳем, ки бидуни зарурати таъҷилӣ аз кишварҳое, ки дар онҳо штамми нави коронавирус паҳн мешавад, боздид накунанд”, – гуфта мешавад дар маълумоти Вазорати тандурустии Ӯзбекистон.

Сенатор Владимир Круглий изҳор доштааст, ки штамми африқоии “омикрон” дар Русия сабт шуда, онро сайёҳон аз Миср овардаанд. Ӯ даъват намудааст, ки то муфассал омӯхта шудани ин навъи штамми COVID-19, алоқаи ҳавоӣ бо Миср муваққатан қатъ карда шавад, менависад РИА Новости.

Ба иттилои ВАО-и хориҷӣ, дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ҳудуди сад нафар сироятёфтагон ба қайд гирифта шудаанд. Сироятёфтагон дар Гонконг, Исроил, Белгия, Чехия, Олмон, Британияи Кабир, Италия, Австралия, Португалия, Шотландия, Нидерланд, Австрия, инчунин эҳтимолан дар Фаронса ва Швейтсария ошкор шудаанд. Ба ҷуз дар Шотландия, ҳамаи ҳолатҳо дар дигар кишварҳо вурудӣ аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...