Русия дар 5 шаҳри Тоҷикистон бо $150 млн мактаби русӣ месозад

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Миёни Тоҷикистону Русия созишнома дар бораи ташкил намудани мактабҳои русии муштарак дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаи Тоҷикистон ба имзо расидааст. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар медиҳад.

Манбаъ гуфт, имзои созишнома дар доираи сафари кории муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук ба Тоҷикистон, имрӯз, 30 ноябр аз ҷониби вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва муовини якуми вазири маорифи Россия Александр Бугаев ба имзо расид.

Хабаргузории русии ТАСС бо такя ба Алексей Оверчук хабар додааст, ки маблағи ҷудошуда барои бунёди ин мактабҳо $150 млн мебошад.

Ба ғайр аз ин, байни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия дар мавриди ҷалби омӯзгорони рус дар мактабҳои Тоҷикистон созишнома ба имзо расидааст.

Зикр гардид, ки соли панҷум аст вазорати маорифи Тоҷикистон бо вазорати маорифи Русия лоиҳаи «Омӯзгорони рус дар хориҷа»-ро амалӣ намуда истодаанд.

– Имрӯз дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон 49 нафар омӯзгор фаъолият намуда, аз фанҳои забон ва адабиёти рус, математика, физика, биология ва дигар фанҳо ба забони русӣ ба хонандагон таълим медиҳанд,- гуфтааст вазири маорифи Тоҷикистон.

Алексей Оверчук дар бораи сохтмони мактаб ва омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳори боварӣ намудааст, ки аз соли хониши нав ин муассиса ба фаъолият шурӯъ мекунанд.

Манбаъ менависад, ки дар созишнома дар мавриди таъмини омӯзгорони рус дар   мактабҳои Тоҷикистон гуфта шудааст, ки онҳо  дар давраи будубош дар Тоҷикистон уҳдадоранд, ки фаъолияти таълимиро дар мактабҳои Тоҷикистон бо забони русӣ дар асоси стандартҳои давлатии федеролии таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва барномаҳои намунавии таълимии асосии қабулшудаи Русия, нақшаҳои таълимии  Тоҷикистон, инчунин бо ба инобат гирифтани стандартҳои таълимӣ, қоидаҳои маъмурӣ, низомномаҳо ва дигар санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон ба амал мебароранд.

Ҳамчунин, дар созишнома дар мавриди мактабҳои миёнаи муштарак дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода гуфта шудааст, ки фаъолияти таълимӣ дар мактабҳо дар асоси қонунгузории Русия аз рӯйи барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии умумӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ тибқи стандартҳои давлатии таълимии Русия ва Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, таълим дар мактабҳо бо забони русӣ бо омӯзиши ҳатмии забони тоҷикӣ ба амал бароварда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...