Мақомот як занро дар Сангвор дар куштани модарандараш муттаҳам мекунанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як зани 29-солаи ноҳияи Сангвор, дар шарқи Тоҷикистонро дар куштани модарандараш муттаҳам медонанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД ин зани модарандарашро ба дарёи Зингоб тела додааст.  Бино ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса 26-уми ноябр, тақрибан соати 15.00 рух додааст. Дар хабарномаи ВКД на аз омили қазия ва на аз қурбонии […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як зани 29-солаи ноҳияи Сангвор, дар шарқи Тоҷикистонро дар куштани модарандараш муттаҳам медонанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД ин зани модарандарашро ба дарёи Зингоб тела додааст. 

Бино ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса 26-уми ноябр, тақрибан соати 15.00 рух додааст. Дар хабарномаи ВКД на аз омили қазия ва на аз қурбонии фовеа ном бурда нашудааст, аммо гуфта мешавад, ки модарандари қурбоншуда зани 43-солаи ҳамин ноҳия будааст. 

"Номбурда, 26-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 15.00, аз сабаби муноқишаи оилавӣ, модарандараш зани 43-солаи сокини ноҳияи мазкурро бо роҳи фиреб ба назди соҳили дарёи “Хингоб” бурда, ӯро ба дохили дарё тела намудааст. Дар натиҷа ҷабрдида ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз шудааст",-омадааст дар хабарнома.

ВКД мегӯяд, ки гумонбар дар ин ҷиноят дастгир шудаву ниҳодҳои қудратӣ қазияро пайгирӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.