Дар Тоҷикистон “Китоби соли 2021”-ро муайян мекунанд

Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо назардошти муҳтаво ва ороиш Озмуни ҷумҳуриявии “Китоби соли 2021”-ро эълон кард. Тавре маркази матбуоти Вазорат иттилоъ медиҳад, ҳадаф аз баргузории Озмун дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷик аст, ки ҷавобгӯи меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ буда, ба мавзӯи Тоҷикистон дирӯз, имрӯзу фардо, ваҳдати […]

Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо назардошти муҳтаво ва ороиш Озмуни ҷумҳуриявии “Китоби соли 2021”-ро эълон кард.

Тавре маркази матбуоти Вазорат иттилоъ медиҳад, ҳадаф аз баргузории Озмун дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷик аст, ки ҷавобгӯи меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ буда, ба мавзӯи Тоҷикистон дирӯз, имрӯзу фардо, ваҳдати миллӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, тарғиби дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва ба ин васила арҷгузорӣ ба тамаддун ва фарҳанги миллӣ бахшида шуда бошанд.

“Дар озмун муаллифони асарҳои назму насри тоҷик, ки эҷодиёташон тайи соли 2021 дар муассисаҳои нашриявии Тоҷикистон нашр шудаанд, ҳуқуқи иштирок кардан доранд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, маҳорати маъниофарӣ, риояи санъати сухан, бадеият, забон, услуб, пайвастагии афкор ва банду басти силсилаи воқеаҳо, мувофиқати мазмуну мундариҷаи асар бо талаботи замони муосир шартҳои асосии озмун маҳсуб меёбанд.

Ба иттилои манбаъ, барои ғолибони китобҳои назм, наср, публисистӣ, назму насри бачагона ва тарҷумаи адабӣ дипломҳо, мукофотҳои соҳавӣ ва мукофтпулӣ ба маблағи аз 500 то 1500 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки шаҳрвандоне, ки хоҳиши дар Озмун иштирок карданро доранд, бояд 2 нусха (як номгӯй) китоби тозаэҷоди дар соли 2021 дар яке аз нашриётҳои Тоҷикистон интишор намудаашонро то 10 декабри соли 2021 ба суроғаи зерин ирсол намоянд: 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 34. Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.