Лоиҳаи аломатгузории марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон омода шуд

Аз 22 то 27 ноябри соли 2021 дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои корӣ дар Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид. Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни гуфтушунидҳо корҳои аломатгузорӣ баррасӣ гардида, пешниҳодҳои бо якдигар мувофиқашуда оид ба лоиҳаи хатти аломатгузории марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон омода шуд. Гуфта мешавад, вохӯрии навбатии […]

Аз 22 то 27 ноябри соли 2021 дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои корӣ дар Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, зимни гуфтушунидҳо корҳои аломатгузорӣ баррасӣ гардида, пешниҳодҳои бо якдигар мувофиқашуда оид ба лоиҳаи хатти аломатгузории марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон омода шуд.

Гуфта мешавад, вохӯрии навбатии гурӯҳи корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Зикр мегардад, ки мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек баргузор шуд. Пас аз анҷоми вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Ёдрас мекунем, ки корҳои аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 2019 пурра ба анҷом расида буданд.

Созишнома байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи таъйину аломатгузории қитъаҳои ҷудогонаи сарҳадоти муштарак зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 ба имзо расид. Парлумони Тоҷикистон 19-уми апрели соли 2018 ин созишномаро тасдиқ кард.

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон, масофаи умумии сарҳадоти муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332,9 километрро ташкил медиҳад. Тӯли марзҳои заминӣ – 1227,98 километр ва обӣ (дарёӣ) – 105 километр аст.

Қаблан як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар дода буд, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ба гурӯҳҳои кории марбута, ки ба ҳайати онҳо геодезистону харитасозон, намояндагони ВКХ ва Хадамоти сарҳадбонӣ шомиланд, дастур доданд, ки то охири соли 2021 тартиби гузоштани поячӯбҳои сарҳадиро дар марзи ду кишвар ба таври ниҳоӣ тасдиқ намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.