Ҳомиёни байналмилалии ҳуқуқи инсон аз Тоҷикистон хостанд Ризоев озод карда шавад

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Бархе аз мудофиёни байналмиаллии ҳуқуқи инсон аз сарнавишти вакили дифои зиндонии тоҷик Абдулмаҷид Ризоев изҳори нигаронӣ карда, аз мақомоти Тоҷикистон талаб кардаанд, ки билфосила ӯро озод намоянд.

Созмони Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон бо пахши як гузориши махсус дар мавриди вазъи боздошт ва парвандаи  Ризоев навиштааст, ки ӯ аз 11-уми августи имсол имкони дидорбинӣ бо вакили дифоашро надорад ва аз 4-уми сентябри имсол ба ин тараф ба наздиконаш иҷоза нашудааст, ки бо ӯ мулоқот кунанд.

Ин созмон аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки набудани имкони дидорбинии Ризоев бо наздикону ҳомиёнаш, нигарониро дар бораи шиканҷаву бадрафторӣ алайҳи ӯ бештар мекунад.

– Ризоев барои ҳаққи озоди баёни андешааш зиндонӣ шуд ва бояд бидуни шарт ва билофосила озод карда шавад,- гуфтааст ин созмони ҳуқуқи инсон.

Моҳи июни соли равон додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Абдулмаҷид Ризоевро бо гумони “даъвати пинҳонкорона ба терроризм” гунаҳкор дониста, ӯро 5,5 сол равонаи зиндон кард.

Вакили дифои  Ризоев Дилафрӯз Самадова гуфта буд, додситонӣ чанд навиштаи саҳифаи Фейсбукии ӯро таҳлил карда, Ризоевро дар “даъватҳои пардапӯшонаи оммавӣ ҷиҳати ба амал ба баровардани фаъолияти ифротгароӣ, ки ба ноустувор сохтани амнияти миллӣ мерасонад", айбдор кардааст. Аз ҷумла, бознашри андешаи “Ҳукумати оқил бо решаҳои эътироз мубориза мекунад, ҳукумати нодон бо эътирозгарон”-ро прокуратура андешаи ифротгароёна хондааст.

Худи Абдулмаҷид Ризоев, ки дар созмони ҷамъиятии “Дурахшон гуруҳ” созмоне, ки ба корафтодагон машварати ҳуқуқӣ медод кор мекард, ҳукми нисбаташ эълоншударо рад карда, онро ғаразнок унвон кардааст.

Ба қавли Дилафрӯз Самадова, Ризоев дар суд баромад карда гуфтааст, ки “ҳеҷ гоҳ экстримист набуд ва буда ҳам наметавонад, ӯ ҳимоятгар ва ҳуқуқшинос аст.

Баъдтар Самадова  барои бозбинии парвандаи Абдумаҷид Ризоев ба додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи шикоятӣ супорида буд.

Ба гуфтаи ӯ,  ташхисгарон навиштаҳои Ризоевро дар Фейсбук нодуруст шарҳ додаанд ва аз номи худ дар он илова кардаанд, ки хилофи қонун аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...