Адвокати ҳуқуқшиносе, ки барои навиштаҳо дар Facebook маҳкум шуд, хостори бозбинии парванда шуд

Адвокати ҳуқуқшинос Абдумаҷид Ризоев, ки барои навиштаҳояш дар Facebook ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд, аз додгоҳи зинаи болоӣ хостааст, ӯро озод кунанд. Дилафрӯз Самадова, адвокати ӯ рӯзи 16-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки аризаи шикоятиро барои бозбинии парвандаи Абдумаҷид Ризоев ба додгоҳи шаҳри Душанбе супориданд. Ӯ гуфт, ки ташхисгарон навиштаҳои Ризоевро […]

Радиои Озодӣ

Адвокати ҳуқуқшинос Абдумаҷид Ризоев, ки барои навиштаҳояш дар Facebook ба 5,5 соли зиндон маҳкум шуд, аз додгоҳи зинаи болоӣ хостааст, ӯро озод кунанд.

Дилафрӯз Самадова, адвокати ӯ рӯзи 16-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки аризаи шикоятиро барои бозбинии парвандаи Абдумаҷид Ризоев ба додгоҳи шаҳри Душанбе супориданд. Ӯ гуфт, ки ташхисгарон навиштаҳои Ризоевро дар Фейсбук нодуруст шарҳ додаанд ва аз номи худ дар он илова кардаанд, ки хилофи қонун аст.

“Аз суди зинаи кассатсионӣ пурсидем, ки ҳукм бекор карда шуда парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ризоев А. қатъ карда шавад.”, – иброз доштааст ӯ.

Ҳукм нисбати Ризоев 14 июн содир шуда, додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур бо гузашти як моҳ ҳукми содиркардаи худро шарҳ надодааст.

Дилафрӯз Самадова хабар додааст, ки тафтишот навиштаҳои зерҳимояашро “ифротгароӣ ва ноустувор сохтани амнияти миллӣ” номидаанд.

Адвокат гуфтааст, додситонӣ инчунин чанд навиштаи саҳифаи Фейсбукии ӯро таҳлил карда, Ризоевро дар “даъватҳои пардапӯшонаи оммавӣ ҷиҳати ба амал ба баровардани фаъолияти ифротгароӣ, ки ба ноустувор сохтани амнияти миллӣ” мерасонад, айбдор кардааст.

Аз ҷумла бознашри андешаи “Ҳукумати оқил бо решаҳои эътироз мубориза мекунад, ҳукумати нодон бо эътирозгарон”-ро низ додситон андешаи ифротгароёна хондааст.

Дилафрӯз изҳор доштааст, ки ҳатто шеъри “Падаре гуфт, ба писар бо қаҳр: Ки ту одам нашавӣ, ҷони падар” низ дар парванда ҳамчун ҳарфи ифротгароёна ворид шуда буд, вале баъдан забоншиносон хулоса доданд, ки ин шеър моҳияти фалсафӣ дорад.

Ба гуфтаи ӯ, ин шеър пок карда шуд, вале дигар навиштаҳои ӯро, ки бештар фалсафӣ буданд, ҳамчун айбнома ба парванда ворид карданд.

Ин адвокати тоҷик гуфт, ки зерҳимояааш гуноҳ надорад ва ҳеҷ қонунеро нақз накардааст. Ӯ дар додгоҳ гуфтааст, "ҳеҷ гоҳ ифротгаро набуд".

Абдумаҷид Ризоев, собиқ корманди созмони ҳомии ҳуқуқи “Ампаро” ахиран дар иттиҳодияи ҷамъиятии “Дурахшон гурӯҳ” кор мекард, ки ба шаҳрвандон машваратҳои ҳуқуқӣ пешниҳод мекард.

Ризоев гуфтааст, ин ҳукм ба фаъолияти кориаш рабт дорад, чун пеш аз боздошт ӯ ба ҳимояи ҳуқуқи сокинони бинои №49 дар кӯчаи Бухорои Душанбе машғул буд.

Дар ин маҳал ширкати "Пӯлодӣ Плаза" бояд бинои нав созад. Ба нақли адвокаташ, ӯ дар додгоҳ гуфтааст, ки қабл аз боздошт масъулони ин ширкат ба ӯ таҳдид карда буданд, ки аз машварати ҳуқуқӣ ба сокинон даст бардорад. Назари ин ширкат дар робита ба ин масъала ҳанӯз дастрас нашудааст.

Соли 2016 ба Кодекси ҷинояти Тоҷикистон мафҳуми “сафедкунии оммавии экстремизм ва терроризм, аз ҷумла тавассути интернет” ворид шуд ва гузоштани писанд ё лайкро ҳам дар аксар ҳолатҳо тафтишот ба маънои сафедкунӣ ва ё тарғиби ғояҳои ифротӣ қаламдод мекунанд.

Коршиносон мегӯянд, бештар бо ин баҳона дар Тоҷикистон озодандешонро таъқиб мекунанд. Мақомот ин ҳарфро қабул надоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.