Даргузашти Сафарбек Солеҳ: Коргардоне, ки нахустин филм дар бораи Наврӯзро сохта буд

Сафарбек Солеҳ, коргардони пуровоза ва мустанадсози маъруфи тоҷик, имрӯз пас аз чанд рӯзи гирифторӣ ба бемории коронавирус, дар синни 62-солагӣ даргузашт. Намози ҷанозаи марҳум, пас аз намози аср хонда мешавад. Сафар Ҳақдод, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон, ба "Азия-Плюс" гуфт, ки намози ҷаноза ва маросими видоъ бо коргардони маъруф, дар манзили падарияшон, воқеъ дар деҳаи Тезгари Поёни […]

Сафарбек Солеҳ, коргардони пуровоза ва мустанадсози маъруфи тоҷик, имрӯз пас аз чанд рӯзи гирифторӣ ба бемории коронавирус, дар синни 62-солагӣ даргузашт. Намози ҷанозаи марҳум, пас аз намози аср хонда мешавад.

Сафар Ҳақдод, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон, ба "Азия-Плюс" гуфт, ки намози ҷаноза ва маросими видоъ бо коргардони маъруф, дар манзили падарияшон, воқеъ дар деҳаи Тезгари Поёни шаҳри Ваҳдат баргузор мешавад.

Дар бораи мубтало шудани ба бемории коронавирус, худи коргардон ду ҳафта пештар бо нашри чанд аксе аз зери дастгоҳи нафасгирии сунъӣ, дар саҳфаи фейсбукияш хабар дода буд. 

Сафарбек Солеҳ охирин филми мустанади худ "Нисор"-ро, ки дар мавриди сарнавишти Нисор Муҳаммад Юсуфзайи Афғон, яке аз бунёдгузорони мактабу маориф дар Тоҷикистон сохта буд, 8-уми майи имсол дар кинотеатри "Зебуниссо" рӯнамоӣ кард. 

Дар маросими рӯнамоӣ гуфта буд, ки хуруҷи коронавирус ниме аз тарҳи филмро тағйир дод ва онҳо натавонистанд ба зодгоҳи қаҳрамони филм сафар кунанд.

Сафарбек Солеҳ, дар баробари коргардонӣ, солҳои охир ба корҳои рӯшангарӣ низ пардохта, таҳлил ва интиқодҳое низ дар мавриди равандҳои фарҳангиву иҷтимоии ҷомеа мекард ва ашъори интиқодие нез дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекард.

Сафарбек Солеҳ 15-уми сентябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1980 аз бахши забону адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло фориғ мешавад, вале ба синамо бештар майл мекунаду ба ҳамин ҳунар дил медиҳад. 

Билахира ин ишқу алоқа ӯро ба мактаби Мактаби олии сенариянависон ва коргардонҳои Маскав бурд ва  соли  1993 ин мактаби ҳунариро хатм кард. 

Муддате дар киностудияи “Тоҷикфилм” коргардон буд. Соли 2004 баъди хатми бахши ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қирғизистон ва дарёфти дипломи ҳуқуқ муддате коршиноси ҳуқуқии Бонки ҷаҳонӣ буд ва баъди он то поёни умр дар дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе ифои вазифа мекард.

Корҳои ҳунарӣ ва филмсозишро дар баробари ин идома медод. Нахустин филмашро соли 1989 бо номи ''Жакон'' ба навор гирифт ва ин филм худи ҳамон сол дар Порис ҷоизаи "Беҳтарин филм дар бораи инсон"-и ЮНЕСКО-ро сазовор шуда буд. “Жакон” баъдтар чандин ҷоизаҳои байналмилиро низ соҳиб шуд.

Сафарбек Солеҳ, ба унвони коргардон ва синамогар, бештар масоили миллиро вориди ин бахши ҳунар карда буд ва ҳамин ҷанбаи кораш, ӯро аз ҳамтоёни дигараш хеле мутафовит карда буд. 

Ин коргардон аз нахустин касоне буд, ки дар бораи Наврӯз филми “Ба номи Ҳурмуз”-ро сохта буд.

Дар як суҳбате бо хабаргузории ТojNews гуфта буд: “Аз замоне, ки даст ба офариниши филмҳо задам, ҳамеша талош мекунам ибтикори худам бошад. Бароям он чизе хуш аст, ки худам хоҳиш дошта бошам. Аз ин рӯ ҳамеша барои филмҳоям худам сенария менависам, худам коргардонӣ мекунам. Ва он сол ҳам хостам дар бораи Наврӯз филм бардорам, чун касе то он замон инчунин кореро анҷом надода буд. Баъди суҳбат бо донишмандони маъруфи кишвар Нодир Одилов, Мирбобо Мирраҳим, Нисор Шакармамадов, ки воқеъан ҳам дар бораи Наврӯз тасаввуроти комилу назари олимона доштанд, сенарияи онро навиштам. Ва албатта, аз осори таърихӣ дар мавриди Наврӯз мавод пайдо кардам. Бахусус, аз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, аз “Наврӯзнома”-и Хайём, “Осор-ул-боқия”-и Берунӣ, “Зайн-ул-ахбор”-и Гардезӣ ва ғайра истифода бурдам. Чанд гурӯҳи корӣ созмон додам, ки якбора дар манотиқи мухталиф ҳамзамон ҷашни Наврӯзро, ки нав иҷозаи таҷлилаш содир шуда буд, филмбардорӣ кунанд”.

Ин филм аз шуҳрати ҷаҳонии зиёде бархӯрдор шуд. Дар Маскав ''Совэкспортфилм'' онро бо забони инглисӣ тарҷума ва 47 кишвари олам онро хариду намоиш дод.

"Ангуштари арӯсӣ", "Тақвими интизорӣ" ва "Ҳамсояҳои наққош" аз ин ҷумлаи филмҳои ҳунарии ин коргардони пуровозаанд.

Аммо Сафарбек Солеҳ бештар чун мустанадсоз маъруф буд. Бештар аз 25 филми мустад сохтааст. Дар  ҷашнвораҳои Олмотӣ, Деҳлӣ, Карелай, Шинай, Теҳрон, Рум, Берлин, Лондон, Нант, Порис, Маскав, Везул, Санкт-Петербург, Боку ва ғайра бо филмҳояш иштирок намуда, ҷоизаҳо бурдаанд.

Филмҳои сохтаи Сафарбеки Солеҳ:

  1. "Жакон"
  2. "Ашаглон"
  3. "Kобус"
  4. "Дар диёри қаҳрамони халқ"
  5. "Ба номи Ҳурмуз"
  6. "Ҳадди охир"
  7. "Мадори ҷустуҷӯ"
  8. "Дарё"
  9. "Соярушан"
  10. "Байни нилуфару вақт”
  11. "Гул ба домони диёр"
  12. "Ганҷи бодовард"
  13. "Ғайриоддӣ"(аз руи ҳикояи Чехов)
  14. "Чархофалак"
  15. "Ҷазираи умед”
  16. "Шоҳнома"
  17. “Комил”
  18. "Ангуштари арӯсӣ" (филми ҳунарӣ)
  19. "Ҳар рӯз дар набард"
  20. "Тақвими интизорӣ" (филми ҳунарӣ)
  21. "Нусур"
  22. "Ҳамсояҳои наққош" (филми ҳунарӣ).
  23. "Нисор" 

Сафарбек Солеҳ соҳиби се дипломи таҳсилоти олӣ дошт ва бо забонҳои  русӣ, инглисӣ, арабӣ ва фаронсавӣ хуб ҳарф мезаад.

Китоби шеърҳояшро бо ҳуруфи кирилӣ ва форсӣ омода карда буд, ҳамчунин тарҷумаи русии ашъорашро низ барои чоп омода карда буд.

Оиладор ва соҳиби ду писар буд.

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" даргузашти зудҳангоми ин коргардони хушном ва рӯшанфикри тоҷикро барои Тоҷикистон талафоти ҷуброннопазир медонад ва ба тамоми наздикони марҳум дар ин мусибати сахт, сабру бурдаборӣ мехоҳад.

 Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.