Муаллифи карикатураҳои пайғамбари ислом Муҳаммад (с) Курт Вестергор даргузашт

Рассоми даниягӣ Куст Вестергор, ки ба сифати муаллифи карикатураҳои ҷанҷолӣ ба пайғамбар Муҳаммад (с) дар газетаи Jyllands-Posten маъруфият пайдо кард, пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 86-солагӣ даргузашт, хабар медиҳад Медуза. Газетаи Jyllands-Posten моҳи сентябри соли 2005 нисбат ба пайғамбар Муҳаммад (с) 12 карикатура нашр кард. Ин амал ба эътирозҳои оммавии мусулмонон дар Дания ва […]

Рассоми даниягӣ Куст Вестергор, ки ба сифати муаллифи карикатураҳои ҷанҷолӣ ба пайғамбар Муҳаммад (с) дар газетаи Jyllands-Posten маъруфият пайдо кард, пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 86-солагӣ даргузашт, хабар медиҳад Медуза.

Газетаи Jyllands-Posten моҳи сентябри соли 2005 нисбат ба пайғамбар Муҳаммад (с) 12 карикатура нашр кард. Ин амал ба эътирозҳои оммавии мусулмонон дар Дания ва сипас дар бисёре аз кишварҳои мусулмонӣ боис гардид. Баъзе эътирозҳо бо бетартибиҳо ба анҷом расида, дар онҳо зиёда аз 100 нафар ҳалок шуданд. Чанде аз кишварҳои арабӣ сафирони худро аз Дания бозхонд намуда, ба маҳсулоти Дания таҳрим эълон карданд.

Ҳаракати “Толибон” барои қатли Курт Вестергор мукофот эълон кард. Рассом ва оилаи ӯ зери муҳофизати шабонарӯзӣ гирифта шуда, он то рӯзҳои ахири умрашон давом кард.

Моҳи январи соли 2006 Jyllands-Posten барои нашри тасвирҳо маъзарат хост. Лекин то ин вақт ба хотири ҳамраъйӣ карикатураҳоро дигар васоити ахбори оммаи саросари ҷаҳон нашр намуданд.

Яке аз ин расонаҳо маҷаллаи ҳаҷвии фаронсавии Charlie Hebdo буд. Минбаъд он ба нашри карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) идома дод. Соли 2015 барои ин кор дар дафтари кории маҷалла амали террористӣ содир шуда, дар натиҷа 12 нафар ҳалок шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.