Муҳоҷиронро дар Русия метавонанд ба борҳо супурдани изи ангуштон уҳдадор кунанд

Asia-Plus

Муҳоҷирони корӣ ва шаҳрвандони хориҷиеро, ки ба муддати беш аз 90 рӯз ба Русия меоянд, пас аз холкӯбӣ кардан (татуировка) ё бартараф кардани доғҳо метавонанд ба такроран супурдани изи ангуштон ё худ гузаштан аз дактилоскопия уҳдадор намоянд.

Тавре хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, чунин талабот дар лоиҳаи фармони ВКД Русия зикр шудааст.

«Шаҳрвандони хориҷӣ бояд як маротиба аз қайди изи ангуштон гузашта ва аксбардорӣ шаванд, ба истиснои шахсоне, ки дар онҳо тағйироти назарраси устувори (доимии) симои зоҳирӣ (пайдоишу рафъи доғҳо, нуқсонҳои пӯст, холкӯбӣ, тағйирёбии намуди зоҳирӣ дар натиҷаи мудохилаҳои ҷарроҳӣ) сурат мегирад ё аз рузи гирифтани сурат даҳ сол гузаштааст”, – гуфта мешавад дар санад.

Илова бар ин, аз лоиҳаи фармон бармеояд, ки дар сурати тағййир ёфтани сохтори анатомӣ, масалан, маҳрум шудан аз дасту ангушт, муҳоҷирон такроран изи ангушт месупоранд.

Дар Русия аз 29 декабри соли ҷорӣ муҳоҷирони корӣ ва шаҳрвандони хориҷие, ки ба муддати беш аз 90 рӯз вориди ин кишвар мешаванд, бояд ҳатман изи ангушт супорида, аксбардорӣ кунанд. Пас аз ин онҳо ҳуҷҷати дахлдорро мегиранд, аз ҷумла он метавонад дар шакли корти пластикӣ бо ҳомили маълумоти электронӣ таҳия гардад.

Ҳангоми тағйири ному насаб, номи падар, рӯз ва ҷои таваллуд, ҷинс ё шаҳрвандӣ, инчунин номувофиқ будани ин маълумот дар ҳуҷҷат бо маълумоте, ки зимни муайян кардани шахсият гирифта шудааст, супурдани изи ангушт ва аксбардорӣ метавонад такроран анҷом дода шавад.

Ғайр аз ин, шарти такрории бақайдгирии изи ангушт пешниҳод накардани ҳуҷҷат дар бораи гузаштан аз он, имконнопазирии шинохти шахсият дар вақти воқеӣ бо сабабҳои техникӣ ё ба қайд гирифта нашудани маълумот дар маркази иттилоотии изи ангушти воҳиди ВКД Русия дар минтақа бо сабаби корношоямии техникӣ ё сифати пасти он, аз ҷумла пайдо шудани ноқисиҳо дар файлҳои кортҳои изи ангушт буда метавонад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи лоиҳаи фармони ВКД Русия, шаҳрвандони Беларус, хориҷиёни то 6-сола, дипломатҳое, ки барои будубоши дарозмуддат ба Русия омадаанд, метавонанд аз гирифтани изи ангушт ва аксбардории ҳатмӣ озод карда шаванд.

Илова бар ин, тибқи лоиҳаи фармон, гирифтани изи ангушт ва аксбардорӣ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ дар Русия мебошанд, аъзои ҳайати дипломатӣ, шахсони мансабдори консулӣ, инчунин кормандони маъмурӣ ва техникии намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулӣ гузаронида намешаванд.

Ҳамчунин аз ҳатман супурдани изи ангушт ва суратгирӣ озод кардани дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ, кормандон ва ҳайати маъмурию техникии атташеҳои ҳарбӣ, намояндагиҳои тиҷоратӣ ва дигар мақомоти давлатии кишварҳои хориҷӣ низ пешбинӣ шудааст.

Дар баробари категорияҳои дар боло зикршуда аъзоёни оилаҳои онҳо низ метавонанд аз гирифтани изи ҳатмӣ ва аксбардорӣ озод карда шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...