Фармони хоси раиси толибон дар бораи ҳуқуқи зан: “бародар наметавонад, зани беваи бародарашро бигирад”

Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунд, раис ё амиралмуъминини ҳукумати Толибон дар як фармони хос, ҳуқуқи занҳо дар Афғонистонро мушаххас кардааст. Ба иддаои масъулини толибон ин фармон, 3-юми декабри соли 2021 содир шудааст. Дар ин фармон, ки бо хитоб ба ҳама масъулини аморати исломӣ, уламо ва бузургони қавмӣ дар Афғонистон содир шудааст, дастур дода мешавад, ки барои таъмини ҳуқуқи занон […]

Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунд, раис ё амиралмуъминини ҳукумати Толибон дар як фармони хос, ҳуқуқи занҳо дар Афғонистонро мушаххас кардааст. Ба иддаои масъулини толибон ин фармон, 3-юми декабри соли 2021 содир шудааст.

Дар ин фармон, ки бо хитоб ба ҳама масъулини аморати исломӣ, уламо ва бузургони қавмӣ дар Афғонистон содир шудааст, дастур дода мешавад, ки барои таъмини ҳуқуқи занон иқдомоти ҷиддӣ кунанд.

Бар асоси фармони раиси толибон, "ризояти духтарони болиғ дар аснои никоҳ зарурӣ аст". Раиси толибон гуфтааст, ки ҳеч касе бо ҷабр наметавонад занро барои никоҳ  маҷбур кунад. 

Дар банди дувуми ин фармон гуфта мешавад, ки "зан мол нест, балки инсони асил ва озод аст ва ҳеч касе онро дар балаи сулҳ дода наметавонад".

Дар ин фармон дар бораи ҳуқуқи занҳо барои таҳсил, кор ва дигари умури иҷтимоӣ чизе гуфта намешавад.

Банди сеи ин фармон дар мавриди ҳуқуқи зан пас аз мурдани шавҳараш аст, ки акнун тибқи ин фармони толибон, пас аз вафоти шавҳар ва гузаштани давраи шаръӣ (чаҳор моҳу 10 рӯз)  зани бевамондаро на бародари шавҳараш ба никоҳ дароварда метавонад ва на каси дигаре. Толибон дар ин маврид, зани бевамондаро барои таъини сарнавишт ва никоҳи худ, соҳибихтиёр эълон кардаанд. 

Ҳамчунин дар банди дигари ин фармон гуфта мешавад, ки гирифтани маҳр аз шавҳари нав ҳаққи зани бевамонда аст. 

Толибон занро дар моли шавҳари вафоткардааш, фарзандон, падару ақрабои дигараш дорои ҳаққи мерос ва саҳми собит донистаанд ва гуфтаанд, ки ҳеч касе ӯро аз ин ҳақаш маҳрум карда наметавонад. 

Ҳар касе, ки чанд зан доранд, мукаллаф аст ҳуқуқи ҳамаи ҳанҳоро мутобиқи ҳукми шаръӣ бидиҳад ва дар байнашон адл қоим бошад, аммо дар ин фармон гуфта нашудааст, ки дар аморати исломии толибон як мард то чанд зан метавонад бигирад.

Дар ин фармон ба сатрамаҳкама ё  додгоҳҳо дастур шудааст, ки арзу шикоёти занон, аз ҷумла ҳуқуқи занони бевамонда ва зулм бар онҳоро ба таври усулӣ баррасӣ кунанд ва дар ин гуна мавридҳо ғафлат накунанд. 

Пештар аз ин Вазорати ҳаҷҷу авқофи ҳукумати сарпарасти "Толибон" дастурҳое содир карда буд, ки занҳо дар Афғонистон чӣ гуна либос метавонанд бипӯшанд ва пӯшидани чӣ либосе манъ аст. 

"Занони мусалмон набояд ба гунае либос бипӯшанд, ки барҷастагиҳои баданашон қобили ташхис бошад. Либоси зани мусалмон нозук ҳам набояд бошад, ки баданашон намоён шавад",-омада буд дар дастури ин вазорат.

Ин фармони толибон дар ҳолест, ки баъди ба қудрат расидани ин гурӯҳ дар Кобул, нигарониҳо ҳам дар сатҳи Афғонистон ва ҳам дар сатҳи ҷаҳон аз он аст, ки занҳо аз ҳаққи таҳсил маҳрум шудаанд ва толибон то кунун дидгоҳашонро дар бораи ҳақи таҳсили занон мушаххас накардаанд.

Сарфи назар аз қавонини сахтгиронаи толибон занҳо дар сар то сари Афғонистон борҳо даст ба эътироз задаанд ва аз толибон мехоҳанд, ки ҳуқуқҳои онҳоро барои таҳсил, кор ва дигар бахшҳо таъмин кунанд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.