ВАО: Маълум шуд, ки чаро зан тифли 2-моҳаро дар Душанбе дуздидааст

Asia-Plus

А.Н.-и 29-сола, ки ба дуздии тифли 2-моҳа аз дармонгоҳи №13 гумонбар дониста мешавад, мехостааст, ки ӯро ҳамчун тифли худ муаррифӣ намояд. Дар ин бора портали иттилоотии “Бомдод” бо такя ба манбаъҳои худ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, зан зодаи деҳаи Кампирқалъаи ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ буда, дар Ҳисор ҳамроҳи шавҳараш зиндагӣ мекардааст.

“Ба сабаби дер боз кӯдакдор нашуданаш ба хотири аз таънаи атрофиён раҳидан даст ба ин кор зада, чанд моҳ боз худро ҳомила вонамуд мекардааст ва барои ин гӯё ба шикамаш болишт мечаспондааст, ки ба ҳомила буданаш бовар кунанд”, – хабар додаанд манбаъҳои портал.

Дар ҳамин ҳол, зикр шудааст, ки ӯ гӯё бояд “таваллуд” мекард ва тибқи нақшаи дар сар кашидааш, ба Дармонгоҳи тиббии шаҳрии № 13 (собиқ Поликлиникаи №1) шаҳри Душанбе меравад.

“Нимаи дуюми рӯзи 30 ноябр дар қабати дуюми шифохона аз як зане, ки кӯдаки думоҳаашро барои ваксиназанӣ оварда буд, хоҳиш мекунад, ки барояш аз дорухонаи қабати якуми бино дастпӯшак харида биорад, – гуфтаанд манбаъҳои “Бомдод”. – Духтур бе дастпӯшак қабул намекунад, вале ман таваллудкуниам қариб омадааст, болою пойин баромадаву фаромада наметавонам. Ман кӯдакатро нигоҳ мекунам, хоҳиш мекунам, барои ман аз дорухона дастпӯшак харида биор”.

Гуфта мешавад, он модари ҷавон бовар карда, кӯдакашро ба дасти Нигора дода, худаш барои харидани дастпӯшак пойин фаромадааст, вале вақте баргаштааст, дидааст, ки на кӯдакаш онҷосту на он зани гӯё “ҳомила”.

Зикр мегардад, ки занро бар асоси сабти видеокамераҳои назоратӣ ва бо кумаки ронандаи таксие, ки ӯро ба ин шифохона оварду боз аз ин ҷо бурд, пайдо кардаанд.

Ронандаи атксӣ нақл кардааст, ки “ӯ ҳам он рӯз ба ҳайрат афтод, чунки як зани ҳомилаи шикамаш дамро ба шифохона овард, вале баъди чанде аз онҷо ин зан бидуни ягон аломати ҳомилагӣ, вале як кӯдак дар даст берун омад ва боз ба таксии ӯ нишаст”.

Ҳамчунин гуфта мешавад, Н.А. кӯдакро худам нав таваллуд кардам гуфта, ба хонааш ба Ҳисор бурдааст ва ба шавҳараш, ки дар Русия дар мардикорӣ қарор дорад, занг зада, хушхабар расондааст, ки “фарзанд ба дунё овардааст”.

 Мардум аз асли воқеа танҳо вақте хабардор шуд, ки кормандони милиса субҳи 1 декабр омада, ба дастони зан завлона зада, ӯро бурданд ва кӯдакро ба модараш супурданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...