Завқӣ Завқизода: “Аз узвият дар СҶТ Тоҷикистон 20 шарики нави тиҷоратӣ пайдо кард”

Баъди узвият дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) шумораи шарикони тиҷоратии Тоҷикистон аз 90 то ба зиёда з 110 кишвар афзуд, хабар дод вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ зимни вохӯрӣ бо директори генералии СҶТ хонум Нгози Оконҷо Ивеала дар шаҳри Женеваи Швейтсария. “Ҳаҷми содирот 2 маротиба ва номгӯи молҳои содиротӣ 1,8 маротиба афзоиш ёфта”, – […]

Баъди узвият дар Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) шумораи шарикони тиҷоратии Тоҷикистон аз 90 то ба зиёда з 110 кишвар афзуд, хабар дод вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ зимни вохӯрӣ бо директори генералии СҶТ хонум Нгози Оконҷо Ивеала дар шаҳри Женеваи Швейтсария.

“Ҳаҷми содирот 2 маротиба ва номгӯи молҳои содиротӣ 1,8 маротиба афзоиш ёфта”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод.

Ғайр аз ин, ӯ зикр кард, ки замони узвият дар Созмон нахустин бор дар таҷрибаи кишвар Равзанаи ягона оид ба содагардонии амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ, инчунин Портали савдои Тоҷикистон ҷорӣ карда шуда, як қатор ислоҳоти муҳим дар соҳаи савдо амалӣ гардид.

Дар хабар таъкид мешавад, ки дар вохӯрӣ ҳамзамон вобаста ба дар сатҳи баланд гузаронидани ҷаласаҳои якумин Тафсири сиёсати савдои Тоҷикистон дар назди СҶТ, ки рӯзҳои 6-8 декабри соли ҷорӣ пешбинӣ шудаанд, таклифу пешниҳодҳои судманд баён гардид.

Ёдрас мекунем, ки 2 марти соли 2013 Тоҷикистон ба сифати узви комилҳуқуқи СҶТ пазируфта шуд. Расмиёти ворид шудани Тоҷикистон ба ин созмон муддати 12 сол идома ёфт: соли 2001 ҳукумати ҷумҳурӣ ба Котиботи СҶТ бо мақсади ҳамроҳ шудан баСозмон нома-дархост фиристод.

Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 119 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ анҷом дод. Тавозуни савдои ҷумҳурӣ манфӣ (қариб 1,7 млрд доллар) боқӣ мемонад, ҳарчанд тайи ду соли ахир ҳаҷми воридот нисбат ба содирот аз 3 то ба 2 баробар коҳиш ёфт.

Соли ҷорӣ Русия (ҳаҷми савдои дуҷониба – зиёда аз $1 млрд.), Қазоқистон (беш аз $936 млн.), Швейтсария ($726 млн.),  Чин ($709 млн.), Ӯзбекистон ($354 млн.) шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дониста мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.