Додгоҳи олӣ ду нафарро барои ҷиноят дар солҳои 90-ум ба 15 сол равонаи зиндон кард

Додгоҳи олии Тоҷикистон, ду нафар сокини шаҳри Турсунзодаро барои содлир кардани ҷиноятҳои гуногун  дар замони ҷанги шаҳрвандӣ барои  15 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон дар як баёнияи расмӣ, рӯзи 6-уми декабр хабар додааст.  Аз ин ду нафар, ки Исмоил Самиев ва Рамазон Мурадов ном бурда мешавад, ба иттилои додситонӣ узви гуруҳи муташаккили […]

Додгоҳи олии Тоҷикистон, ду нафар сокини шаҳри Турсунзодаро барои содлир кардани ҷиноятҳои гуногун  дар замони ҷанги шаҳрвандӣ барои  15 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон дар як баёнияи расмӣ, рӯзи 6-уми декабр хабар додааст. 

Аз ин ду нафар, ки Исмоил Самиев ва Рамазон Мурадов ном бурда мешавад, ба иттилои додситонӣ узви гуруҳи муташаккили ҷиноие будаанд, дар давоми солҳои 1996-1998 бо силоҳҳои гуногун мусаллаҳ шуда ва ҷиноятҳои махсусан вазнине ба мисли бандитизм, роҳзанӣ ва кушторро содир кардаанд.

Тафтишоти пешакии парвандаи ин сокини турсунзода аз сӯйи додситонии шаҳри Турсунзода анҷом шуда ва ҳукмро коллегияи додгоҳии парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи Олии Тоҷикистон, 26-уми октябри соли 2021 содир кардааст. 

Додгоҳ ҳар дуро бар асоси моддаҳои 74, 156 қисми 2 ва 104 бандҳои «а», «г», «д», «е», «з», «н» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) гунаҳгор донистааст. 

То кунун назари пайвандон ва вакилони дифои ин ду нафар барои расонаҳо дастрас нест. 

Дар хабарномаи додситонӣ омадааст, ки аз ҷумла ин ду нафар 14 августи соли 1997 ба хонаи Чупонқул Ашӯров ва Валиҷон Ашӯров, сокинони деҳаи Кирови шаҳри Турсунзода ворид шуда, аз модари онҳо бо таҳдиди силоҳ 1200 доллари амрикоӣ ва 700 ҳазор рубли тоҷикӣ гирифта ва сипас ҳарду бародарро золимона кушта ва аз ҷойи ҳодиса ҳодиса ғайб задаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.