Толибон чанде аз ҳавопаймо ва чархболҳои рабударо баргардониданд

Ба  ҳаракати “Толибон” муяссар шуд, ки чанде аз ҳавопаймо ва чархболҳои аз ҷониби халабонҳои афғон ба кишварҳои ҳамсоя бурдашударо баргардонад. Тавре хабаргузории “Фергана” бо истинод ба TOLOnews иттилоъ медиҳад, фармондеҳи неруҳои толибон дар вилояти Балх Атоулло Умарӣ изҳор доштааст, ки дар мувофиқа бо кишваре, ки аз он ном бурда намешавад, якчанд миқдор техникаи авиатсионӣ ба […]

Ба  ҳаракати “Толибон” муяссар шуд, ки чанде аз ҳавопаймо ва чархболҳои аз ҷониби халабонҳои афғон ба кишварҳои ҳамсоя бурдашударо баргардонад.

Тавре хабаргузории “Фергана” бо истинод ба TOLOnews иттилоъ медиҳад, фармондеҳи неруҳои толибон дар вилояти Балх Атоулло Умарӣ изҳор доштааст, ки дар мувофиқа бо кишваре, ки аз он ном бурда намешавад, якчанд миқдор техникаи авиатсионӣ ба Афғонистон дубора баргардонида шудааст.

Қаблан зикр гардида буд, ки баъди аз ҷониби толибон тасарруф шудани шаҳрҳои Кобул ва Мазори Шариф бисёре аз халабон (лётчикҳо)-и афғон ҳавопаймоҳои худро ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бурданд.

Тавре Зиёулҳақ Ассим, фармондеҳи неруҳои ҳарбии ҳавоии толибон дар Балх ҳикоят кардааст, тобеъони ӯ як ҳавопайморо таъмиру коршоям кардаанд.

“Ҳавопаймо шикаста буд ва бояд барои таъмир ба Дубай фиристода мешуд… аммо муҳандисон ва мутахассисони техникии мо онро таъмир карданд”, – иброз доштааст Ассим.

Ёдрас мекунем, ки қаблан муовини роҳбари ҳукумати муваққатии “Толибон” мулло Абдул Ғанӣ Бародар аз Ӯзбекистон даъват кард, ки ҳавопаймо ва чархболҳоеро, ки халабонҳо (лётчикҳо)-и афғон пас аз суқути ҳукумати қаблӣ ба ин кишварҳо овардаанд, баргардонанд. Дар ин бора 1 декабр зимни гуфтушуниди як ҳайати Ӯзбекистон таҳти раҳбарии намояндаи махсус Исматулло Эргашев дар Кобул бо раҳбарияти “Толибон” сухан рафт.

Зикр гардида буд, ки халабонҳои афғон 25%-и техникаи авиатсионии кишварро рабуда, ба Ӯзбекистон ва Тоҷикистон овардаанд. Ҳудуди 150 халабони Неруҳои ҳарбии ҳавоӣ ва дигар хизматчиёни ҳарбии Афғонистон чанде Тоҷикистон иқомат доштанд. Шаби 9 ба 10 ноябр, тибқи маълумоти Радиои Озодӣ, халабонҳои афғон аз Тоҷикистон ба дигар кишвар бурда шуданд.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.