Талаби шаҳодатномаи воксини волидайн аз мактабхонҳо. Вазоратҳои маорифу тандурустӣ: “хабар надорем”

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Нашри хабари дар мактабҳо аз хонандагон талаб кардани ин ки шаҳодатномаи алайҳи коронавирус воксин гирифтани падару модарашонро биёранд, чанд рӯзи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурбаҳс шудааст. Аммо вазорати мориф ва илми кишвар хабари талаби нусхаи ин гуна шаҳодатнома аз мактабхонҳоро рад мекунад.

Эҳсони Хушбахт, сардори Маркази матуботи Вазорати маориф ва илм ба «Азия-Плюс» гуфт, ки ин хабар асоси воқеӣ надошта, Вазорати маориф ва илми кишвар ба роҳбарони мактабҳои миёна дар ин бора ягон дастур надодааст.

Аммо ин иддаои Вазорати маориф дар ҳолест, ки дар Хуҷанд омӯзгорон аз хонандагони мактабҳои миёна хостаанд, ки нусхаи ин шаҳодатномаро ба мактаб биёранд то тасдиқ шавад, ки падару модарашон воксин задаанд.

Салма Олимӣ як корбари Фейсбук дар саҳифаи худ  ин мавзуъро матраҳ кард, ки сару садоҳои зиёдеро ба бор овардааст.  Зери ин навишта корбарони зиёде аз Хуҷанду  Душанбе, ки фарзандонашон дар мактабу боғчаҳо таълим мегиранд, низ таъйид кардаанд, ки аз фарзандони онҳо низ чунин дархост шудааст. 

Худи Салма Олимӣ дар суҳбат ба «Азия-Плюс» гуфт, ки дар ҳақиқат аз хонандагони мактаб дар шаҳри Хуҷанд нусхаи маълумотномаи воксинро талаб доранд. Ӯ гуфт, дар мактаби рақами 5 ва 23-и ин шаҳр, ки наздиконаш онҷо таҳсил мекунанд, низ  нусхаи ин шаҳодатномаро талаб кардаанд. Вале ба мактабхонҳо нагуфтаанд, ки нусхаи ин шаҳодномаро ба чи талаб кардаанд.

Корбари дигаре бо номи Мухбирахон Мансурова зери ин фириста (пост) навиштааст, ки аз фарзандони ӯ низ ин шаҳодатномаро талаб намуда,  гуфтаанд, ки то рӯзи 10-декабр бояд онро ба мактаб бибаранд ва дар   сурати наовардан ба мактаб роҳ дода намешаванд.

Дар идораи маорифи шаҳри Хуҷанд аз ин мавзуъ изҳори бехабарӣ карда, аз суҳбат худдорӣ карданд. Тамосҳои пай дар пайи мо барои дарёфти нуқтаи назари масъулони Раёсати маориф ва Раёсати тандурустии Вилояти Суғд натиҷа надод.

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоӣ ҳам ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ки  ҳеҷ дастуре дар ин замина дода нашудааст ва  гирифтани воксина дар кишвар маҷбурӣ нест, вале барои қишре аз ҷомеъа ҳатмӣ мебошад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ  вақте ин мавзуъ расонаӣ шуд, корбарони зиёде аз он нигаронӣ карданд, ки на ҳама волидон воксин задаанд ва онҳо суол мегузоранд, ки оё воксинзанӣ як амали маҷбурӣ дар Тоҷикистон аст, ки кӯдаконро маҷбур мекунанд.

Талаби овардани нусхаи шаҳодатномаи воксин дар ҳолест, ки се рӯз пеш, 3 декабр Бозраси давлатии автомобилии вилояти Суғд бо нашри як эълон аз мусофирону ронандагоне, ки алайҳи коронавирус  воксинназадаанд, ҳушдор додааст аз сафар ба Душанбе худдорӣ кунанд.

Ин эълон рӯзи 3-уми декабр ба идораи телевизион ва радиоҳои шаҳри Хуҷанд барои нашр интиқол ёфтааст, ки зери матни он сардори Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сӯҳроб Қурбонзода имзо гузоштааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...