Нармафзори мобилӣ барои соҳибкорон дар Тоҷикистон. Аз имтиёзҳо то нақшаи санҷиши мақомотро хабар медиҳад

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон нарафзори махсуси мобилии «Соҳибкор» (Sohibkor) роҳандозӣ намуд. Нармафзор бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар доираи лоиҳаи “Ҷавонон барои тиҷорат ва инноватсияҳо” таҳия шудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи мазкур. “Ба воситаи ин нармафзор корбарон ба ҳамаи асноди меъёриву ҳуқуқии тиҷорату сармоягузорӣ, пойгоҳи ҳуқуқии имтиёзҳо дар ҷумҳурӣ, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон нарафзори махсуси мобилии «Соҳибкор» (Sohibkor) роҳандозӣ намуд.

Нармафзор бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар доираи лоиҳаи “Ҷавонон барои тиҷорат ва инноватсияҳо” таҳия шудааст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи мазкур.

“Ба воситаи ин нармафзор корбарон ба ҳамаи асноди меъёриву ҳуқуқии тиҷорату сармоягузорӣ, пойгоҳи ҳуқуқии имтиёзҳо дар ҷумҳурӣ, нақшаи баргузории санҷиш аз ҷониби мақомоти дахлдор ва дигар масоили марбут ба ин соҳа дастрасӣ пайдо карда метавонанд”, – гуфтанд дар Кумита.

Нармафзор ҳамчунин ба сифати пойгоҳи ягонаи дастгирии давлатии тиҷорат ва сармоягузорӣ хидмат карда метавонад.

Нармафзори мобилии «Соҳибкор» (Sohibkor)  дар App Store ва Play Store дастрас аст.

Дар шарҳи нармафзор дар App Store ва Play Store гуфта мешавад, он барои соҳибкороне, ки фаъолияташонро дар қаламрави Тоҷикистон амалӣ мекунанд, пешбинӣ шудааст.

Ба корбар маълумотномае дастрас аст, ки аз Кодексҳои андозу гумрук ва дигар қонунҳои марбут ба фаъолияти соҳибкорӣ маълумоти муфассалро дар бар гирифтааст.

Ҳамчунин дар нарфзор гузориш оид ба сохтори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ манзур шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.