Як ноболиғ бо гумони дуздии “Айфон-11” ва 15 ҳазор сомонӣ боздошт шудааст

Кормандони мақомоти корҳои дохилаи шаҳри Душанбе як ҷавони 18 сола ва як нобилиғи 17-соларо дар дуздии телефони  “Айфон-11” ва 15 ҳазор сомонӣ гумонбар дониста, дастгир кардаанд. Тавре давфтари матбуотии ВКД менависад, онҳо  соати 02:00 шаби 5- 6 декабри соли 2021 ба хонаи иҷораи як ҷавони 19 сола дар шаҳри Душанбе даромада, телефон ва маблағи пулиро […]

Кормандони мақомоти корҳои дохилаи шаҳри Душанбе як ҷавони 18 сола ва як нобилиғи 17-соларо дар дуздии телефони  “Айфон-11” ва 15 ҳазор сомонӣ гумонбар дониста, дастгир кардаанд.

Тавре давфтари матбуотии ВКД менависад, онҳо  соати 02:00 шаби 5- 6 декабри соли 2021 ба хонаи иҷораи як ҷавони 19 сола дар шаҳри Душанбе даромада, телефон ва маблағи пулиро дуздидаанд.

– Зарари расонидашуда 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Ҳисор ва ноболиғи 17-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир шуданд,- менависад ВКД.

Ҳамчунин ВКД аз содир шудани ҷиноятҳои дигар, аз ҷумла захмӣ шудани як ҷавони 20-сола аз сӯйи як ҳамсолаш дар шаҳри Ваҳдат ва бо роҳи қаллобӣ фурухтани автомашинаи мерседеси як сокини Душанбе аз сӯйи як марди 42-солаи дигари Душанбе низ хабар медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.