Дар Суғд мардумро бидуни шаҳодатномаи воксин ба тӯйу беморхонаҳо дигар роҳ намедиҳанд

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Маркази беҳдоштӣ ё СЭС-и вилояти Суғд моликони тӯйхонаву тарабхонаҳоро ҳушдор додааст, ки минбаъд соҳибони тӯй ва меҳмонони онҳоро танҳо бо доштани гувоҳномаи воксин шудан дар баробари COVID-19 ба ҷашну маъракаҳо иҷозат диҳад. Дар сурати риоя накардани ин талабот гуфта мешавад, нисбати моликони тарабхонаву тӯйхонаҳо чораҳои махсус то манъи фаъолияташон андешида мешавад.

Таҳмина Усмонова, сардори Маркази беҳдоштии вилояти Суғд дар ин бора дар як мулоқот бо рӯзноманигорони шаҳри Хуҷанд изҳори назар кардааст. Тавре телевизиони маҳаллии “Азия” ба нақл аз Таҳмина Усмонова дар гузорише гуфтааст “аз ин баъд касоне, ки дар тӯю маъракаҳо ширкат меварзанд бояд бо худ гувоҳномаи ваксинатсияро дошта бошанд. Дар сурати надоштани гувоҳнома роҳбарони базмгоҳҳо муҷозот хоҳанд шуд”.

Ҳамчунин ин ниҳод ба ҳама моликони тӯйхонаву тарабхонаҳо мактуби фаврие ирсол кардааст.

“Тамоми меҳмононе, ки мисол 100 нафар бошанд, бояд бо гувоҳнома оянд. Ин ҳатман аз ҷониби кормандони беҳдоштӣ ва нозирони минтақавӣ назорат бурда мешавад. Нисбат ба он тӯйхонаҳое, ки ин меъёрро ҷорӣ намекунанд, ҳатман чораҳои ҷаримабандӣ то манъи фаъолияти онҳо андешида мешавад”.- гуфтааст Таҳмина Усмонова.

Ҷалби аҳолӣ ба воксинзанӣ дар вилояти Суғд сар аз оғози моҳи декабр, баъд аз он пурзӯр шуд, ки бино ба таҳлилҳои вазорати тандурустӣ дарсадии  аҳолии воксиншуда дар шимолии Тоҷикистон кам будааст.

Ҳоло бино ба ба иттилои Идораи беҳдоштӣ 50 дарсади аҳолӣ дар Суғд вояи аввал ва 35 дарсад вояи дувуми воксинро задаанд.

Маҷнун Орипов, муовини сардори Маркази беҳдоштӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, онҳо ба тамоми муассисаву сохторҳо тавсия ва дастур ҳам додаанд, ки бояд аҳолиро барои воксин задан ташвиқ кунанд. Ӯ аз хуруҷи намуди нави омикрони коронавирус дар ҷаҳон нигаронӣ карда, гуфт бояд сироятшавӣ ба онро пешгирӣ кард.

Ба гуфтаи масъулони Идораи беҳдоштии Суғд ба ҷуз воксин задан, ҳамчунин онҳо иҷрои қоидаҳои дигари беҳдоштӣ, аз ҷумла бастани ниқоб, маҳлулҳои зиддиуфунӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва ғайраро ҳам талаб мекунанд

Ҳамчунин ба гуфтаи Орипов шахсоне, ки барои табобат дара беморхонаҳо бистарӣ мешаванд ҳатман бояд гувоҳнома дошта бошанд. Ин мақоми тандурустии вилоят мегӯяд, агар бемор гувоҳнома надошта бошад ба беморхонаҳо, чӣ давлативу чӣ хусусӣ бошад, роҳ дода намешавад.

Чанде пеш Бозраси давлатии автомобилии вилояти Суғд  ҳам бо нашри як эълон аз мусофирону ронандагоне, ки аз Хуҷанд ба самти Душанбе мехоҳанд сафар кунанд расонид, ки пеш аз сафар воксин зананд ва ё то гирифтани воксин аз сафар ба Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар худдорӣ кунанд.

Ҳамчунин давоми чанд рӯз аст, ки дар шаҳри Хуҷанд аз хонандаҳои мактабҳои миёна талаб карда мешавад, ки нусхаси гувоҳномаеро, ки падару модарашон алайҳи коронавирус воксин задаанд ба мактаб биёранд.

Ҳарчанд вазоратҳои маорифу тандурустӣ талаб кардани нусхаи гувоҳномаро дар мактабҳо рад мекунанд, вале дар шабакаҳои иҷтимоӣ садҳо корбар дар ин бора навиштаанд ва норизоятии худро ҳам баён кардаанд.

Маркази беҳдоштӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, онҳо ба ҳама сохторҳо дар вилоят дастур додаанд, ки барои ташвиқи мардум ба воксин задан талош кунанд.

Дар Тоҷикистон, сар аз 24 июн, пас аз ворид шудани воксини  CoronaVac чинӣ ба кишвар, дар Душанбе эмгузаронии оммавии шаҳрвандони аз 18-сола боло оғоз шуда, се моҳ қабл қишри осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла афроди аз 60-сола боло, ба гирифтани воксини AstraZeneca шурӯъ карданд. Ҳоло дар кишвар ба ҷуз ин ду воксин, ҳамчунин воксинаҳои Pfizer ва Moderna-и амрикоӣ ва “Спутник V”-и русӣ низ дастрасанд.

Дар Тоҷикистон то имрӯз 49, 7 фоиз шаҳрвандон вояи якуми ваксинаи зидди бемории коронавирус ва 42, 5 фоиз ду воя ваксинро гирифтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...