Дар Тоҷикистон парвариши заъфарон оғоз шуд. Нархи 1 кг – 6 ҳазор доллар

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Соҳибкорони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо шарикони ӯзбеки худ дар як замин заъфарон (шафран), ки яке аз гаронтарин адивяҷот (специя) мебошад, кишт карда, аз он аллакай ҳосили аввал ҳам гирифтанд. Дар заминҳои Тоҷикистон зироате шукуфт, ки саракҳои он ба сифати озмоиш шинонида шуданд. Ин растанӣ одатан аз охири тирамоҳ то аввали баҳор мешукуфад.

Чанд рӯз пеш муассис ва мудири кулли ширкати “АВАС Инжиниринг” Азим Ҳакимов дар ин робита ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки озмоиш бомуваффақият анҷом ёфта, саракҳои заъфарон хуб реша давондаанд.

Ба гуфтаи вай,  созишнома бо шарикони ӯзбек дар бораи ифтитоҳи корхонаи муштарак оид ба парвариши заъфарон – BMB AVAS ZA’FARON моҳи июли соли 2021 ба имзо расида, лоиҳаи он зиёда аз 3 млн доллар арзёбӣ мешавад.

“Замини кишти асосӣ бо масоҳати 50 гектар дар Ӯзбекистон – вилояти Ҷиззах воқеъ буда, дар Тоҷикистон саракҳои заъфаронро ба таври озмоиш дар Панҷакент ва ноҳияи Рӯдакӣ шинониданд”, – гуфт ӯ.

Заъфарон яке аз гаронтарин хӯришҳо мебошад, ки онро хӯриши шоҳона ҳам мегӯянд. Нархи 1 килои он то 6 ҳазор доллар мерасад, бахусус ба маҳсулоте, ки барои дорувории тиббӣ истифода мешавад.

“Саракҳо аз Италия харидорӣ шуданд, – иброз дошт Ҳакимов. – Моҳи октябр онҳоро шинонида, аллакай аввали моҳи декабр ҳосили аввалро ба даст овардем. Хар як гул 4-5 доғ дорад, ки 2-3-тоаш сурх ва 2-тоаш зард аст. Ранги сурхаш гаронтарин мебошад”.

Парвариши заъфарон заҳматталаб аст, чунки ҳамаи ҷараёни кор дастӣ сурат мегирад – аз шинонидан то ҷамъоварии маҳсулот.

“Ба кор танҳо занонро ҷалб мекунем, зеро дар минтақае, ки мо заъфарон шинонидем, шумори занони бекор хеле зиёд аст”, – зикр кард Ҳакимов.

Соҳибкор ба оянда назари хушбинона дошта, мегӯяд, замини киштро то ба 1 ҳазор гектар расониданист ва дар Амрико, Малайзия, Арабистони Саудӣ ва Аврупо бозори фурӯш пайдо кардааст, ки омодаанд дар ҳаҷми зиёд заъфаронро бихаранд.

Заъфарон – гиёҳе аст бумии Аврупо ва Осиё, ки ағлаб ба сурати хушкшуда ба унвони адвия(давогӣ ё доругӣ) ва дамкарда истифода мешавад. Ин доругӣ хеле ҳам гарону қиммат  аст.

Далели  он ҳам  ин аст ки аз ҳудуди  400 ҳазор адад  гиёҳи заъфарон танҳо  як килограм  доругии заъфарон ба даст овардан мумкин аст. Аз як гектар замин аз 4 то 12 килограмм заъфарон гирифтан мумкин аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...