Мавқегирии Шӯрои ҳуқуқи башари назди Путин алайҳи навиштаҷоти тоҷикии метроҳои Маскав

Asia-Plus

Раиси Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия Валерий Фадеев аз шаҳрдори Маскав Сергей Собянин дархост намудааст, ки роҳнамоҳои чанде пеш бо забони тоҷикиву ӯзбекӣ дар бархе аз истгоҳҳои метро пайдошуда санҷида шаванд. Ӯ ишора намудааст, ки дар ин бора аз шаҳрвандон муроҷиатҳо расидаанд.

Ба гуфтаи вай, дар робита ба ташкили маркази ягонаи муҳоҷират дар Сахарово, ба ӯ дар бораи “афзоиши вуруди муҳоҷирон дастаҷамъона шикоят мекунанд”.

Гуфта мешавад, сокинони маҳаллӣ бахусус аз роҳанамоҳо дар истгоҳи метрои “Прокшино”, ки автобусҳо аз онҷо ба маркази муҳоҷират мераванд, “хеле нороҳат” шудаанд. Қобили зикр аст, ки навиштаҷот дар ин роҳнамоҳо бо забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва тоҷикӣ дарҷ ёфтааст.

Валерий Фадеев ишора кардааст, ки чунин қарор гӯиё хилофи қонун дар бораи забони давлатӣ мебошад. Бандҳои мушаххаси ин қонунро ӯ номбар накардааст. Ғайр аз ин, ӯ бар ин назар аст, ки тағйирот бо қоидаҳои қолабии метрополитен мувофиқа карда намешаванд.

"Мо ба ҷои сиёсати ҳамгироии муҳоҷирон ба ҷомеа ва фарҳанги маҳаллӣ, барои будубоши бароҳати афроди навомадае, ки саводи кофӣ надоранду забони русиро намедонанд, тамоми шароитро фароҳам меорем", – изҳори норозигӣ кардааст раиси Шӯро.

Раҳнамоҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ дар истгоҳҳои метрои “Прокшино” ва  “Лесопарковая” моҳи сентябри соли 2021 пайдо шуданд. Тавре дар дафтари матбуоти шаҳрдории Маскав зикр карда буданд, ки роҳнамоҳо дар истгоҳҳо бо забонҳои гуногун барои қулай ва мусоид будан ба муоҷирони раҳсипор ба маркази муҳоҷират насб шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар баъзе хатҳои метрополитени Маскав номи истгоҳҳо муддати чандин сол натанҳо бо забони русӣ, балки англисӣ низ эълон шуда, дар ҷадвали хатҳои метрополитен номи истгоҳҳо бо навиштаҷоти лотинӣ низ зикр шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...