Дастгирии Агентии Оғо Хон аз таъмини иштироки шахсони имконияташон маҳдуд дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт

Таҷлили ҳамасолаи рӯзи байналмилалии шахсони имконияташон маҳдуд бо мақсади ҳифз намудани ҳуқуқ ва некӯаҳволии онҳо дар тамоми самтҳо ва ҷанбаҳои рушди ҷомеа роҳандозӣ шудааст. Aгентии Оғо Хон оид ба макони зист дар якҷоягӣ бо Иттиҳоди Аврупо, Маркази забони ишора ва таълими ношунавоён ва ташкилоти “Ирбис”  бо мақсади таҷлили ин рӯзи саид ва мусоидат намудан ба […]

Иттилоияи расмӣ

Таҷлили ҳамасолаи рӯзи байналмилалии шахсони имконияташон маҳдуд бо мақсади ҳифз намудани ҳуқуқ ва некӯаҳволии онҳо дар тамоми самтҳо ва ҷанбаҳои рушди ҷомеа роҳандозӣ шудааст.

Aгентии Оғо Хон оид ба макони зист дар якҷоягӣ бо Иттиҳоди Аврупо, Маркази забони ишора ва таълими ношунавоён ва ташкилоти “Ирбис”  бо мақсади таҷлили ин рӯзи саид ва мусоидат намудан ба фарогирӣ ва таъмини иштироки шахсони маъюб дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт чорабинии варзишӣ баргузор намуд, ки намояндагони тамоми ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикони рушдро ҷамъ овард.

Лоиҳаи аз ҷониби Коммисияи Аврупо маблағгузоршудаи «Фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд», ҷиҳати баланд бардоштани тадбирҳои солимгардонӣ тавассути бозиҳои варзишӣ, хизматрасонии тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюб ва фароҳам овардани муҳити мусоид бо имкониятҳои баробар барои ҳама  мусоидат менамояд.

Дар доираи ин ташаббус, AKAH аҳамияти ташаккули фарҳанги фарогир ва вокуниш ба эҳтиёҷоти фаврии шахсони дорои маъюбиятро дар тамоми ҷабҳаҳои ҷомеа таъкид менамояд. Дар рафти чорабинӣ тренерони «Ирбис» барои кӯдакон ва ҷавонон ҳамагуна намуд бозиҳои варзишӣ омода намуданд, ки боиси фазои аълои шодмонӣ ва дилхушии онҳо гардид. Кӯдаконро рақсу бозӣ бо сарони созмонҳои байналмилалӣ хушҳол намуд.

“Имрӯз як рӯзи хушҳолӣ барои ҳамаи мо мебошад. Чунин ташаббусҳои нек ҳар як узви ҷомеаро, новобаста аз нуқсонҳои ҷисмонӣ водор месозад, ки дар чорабиниҳои варзишӣ ва дигар ҷанбаҳои иҷтимоӣ фарогирона ширкат варзанд. Инчунин, иқдоми мазкур ҷиҳати ташвиқ ва таҳкими  мубодилаи иҷтимоӣ байни ҷавонон ва маъюбон мусоидат низ менамояд”- иброз намуд ҷаноби Осама Маккави, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.

Сафири Иттиҳоди Аврупо хонум Мэрилин Йозефсон таъкид намуд, ки Иттиҳоди Аврупо дар якҷоягӣ бо AKAH тавассути ин лоиҳа қудрату тавоноии беҳамтои шахсони дорои маҳдудиятро эътироф намуда, дастгирии пайвастаи худро барои кӯмаки онҳо дар амалисозии ҳадафҳои шахсӣ, орзуҳо ва баробарҳуқуқӣ равона менамоянд.

“Чорабинии имрӯза ва ин иқдоми ҳамгироӣ ҷиҳати ҳавасмандгардонии сафи варзишгарони дорои маъюбият дар варзишҳои ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад намуд”, – изҳор намуд хонум Мэрилин Йозефсон.

Директори иҷроияи Агентии Оғохон оид ба макони зист, ҷаноби Ҳади Ҳусанӣ инчунин иброз намуд, ки тамоми талошҳои пайгиронаи Шабакаи агентиҳои рушди Оғохон барои беҳтар намудани ҳаёти  ҳамаи аъзоёни ҷомеа тавассути тамаркузи бештар ба қишри осебпазиртарини аҳолӣ амалӣ мегардад. АКАН дар ҳамкорӣ бо Ҳукумат, Комиссияи Аврупо ва Марказ на танҳо барои қонеъ гардонидани ҳамаи ин эҳтиёҷот, балки ҷиҳати таҳкими баробарӣ, дастрасӣ ва фарогирии ҷавонон ва шахсони дорои маҳдудиятро тавассути тасдиқи ӯҳдадориҳои хеш ба фарогирии пурраи маъюбон дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа мусоидат менамояд.

Дар бораи лоиҳаи “Фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд ҷиҳати пешбурди баробарӣ, дастрасӣ ва фарогирӣ дар шаҳри Хоруғ, водии Рашт ва шаҳри Душанбе”: Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур тавассути фароҳам овардани ҳамгироиву фарогирии ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд тавассути дастрасӣ ва иштирок дар чорабиниҳои марбут ба варзиш ва таҳқими муҳити мусоиди иҷтимоӣ амалӣ мегардад.

Дар бораи Филиали Агентии Оғо Хон оид ба макони зист (АКАН): АКАН имконоти кӯмаки башардӯстонаи Фокус, Хадамоти банақшагирӣ ва сохтмони Оғо Хон ва ташаббуси идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ АКДН, тамаркуз ба омодагии хатари офатҳои ногаҳонӣ ва шиддатнок равона мекунад. АКАН фаъолияти худро барои таъмин намудани бехатарии зиндагии одамон дар макони зист, ки то ҳадди имкон аз таъсири офатҳои табиӣ эминанд, ҳолати омодагӣ ва посухдиҳӣ ба офатҳои табиӣ аз ҷониби сокиноне, ки дар минтақаҳои хатарнок зиндагӣ мекунанд ва инчунин шароити дастрасӣ ба хизматрасониҳои асосӣ, ки имкониятҳои васеъ ва сифати беҳтарини ҳаёт оварда мерасонанд, роҳандозӣ мекунад. Дар мадди аввал, самтҳои афзалиятноки АКАН Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Покистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҳиндустон хоҳанд буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.