“Дар хонаи хешу табор оббозӣ мекунем”: шикояти 500 хонаводаи 9 бино аз беобӣ дар Хуҷанд

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Ҳудуди 500 хонавода дар маҳаллаи 3-уми шаҳри Хуҷанд ду моҳа аст, ки ранҷи беобии тамомро мекашанд. Ҳоло ин сокинон, ки то ду моҳ пеш бо реҷа об мехариданд, маҷбуранд дар зарфҳои гуногун ба баландошёнаҳо об кашонанд.

Ширкати обрасон норасоии обро ба садҳо ҳазор қарзи мақомоти Хуҷанд ва аҳолӣ марбут медонад, ки надодаанд ва ин ширкат ҳам аз идораи шабакаҳои барқ қарздор шудааст.

Гап сари 9 бинои панҷтабақае меравад, ки дар ин маҳал мавҷуданд. Александр Бакчук, як сокини бинои №15 мегӯяд,  ду моҳ аст, барои тамоми масорифи зиндагӣ обро аз берун мекашонад.

Ин биноҳо дар канори минтақаи иқтисодии Суғд ҷойгиранд. Сокинони биноҳо солиёни зиёде  аз ширкати “Хизматрасон-2013” обро бо реҷаи муайян мехариданд. Аммо дар ду моҳи ахир якбора фишори об хеле паст ва ҳатто қатъ шудааст.

“Пештар се соат саҳариву се соат бегоҳ об медоданд, фишораш хубтар буд, то ошёнаи 5-ум мебаромад, ҳоло паст аст, ҳатто то ошёнаи якум намебарояд. Мо маҷбур дар зарфҳо аз ҳавзҳои захиравии полезӣ, ки дар назди бино сохтаем ё аз маҳалҳои дигар об мекашонем”,-мегӯяд Бакчук.

Ҳамарӯза кори як узви хонаводаи Махфират Мирзомуродова низ дар зарфҳо обкашонӣ аст. Хонаи ӯ аз зарфҳои панҷлитраву даҳлитра барои захираи об пур шудааст. Чунин манзараро дар ҳуҷраи ҳудуди 500 оилаи ин маҳал мушоҳида кардан мумкин аст, ки ҳоло ранҷи беобиро тақрибан 1500 нафар мекашанд. 

“Мо дар шароити сахти беҳдоштӣ ва хело вазнини беобӣ зиндагӣ дорем. Як обро се бор ҳам кор мефармоем, аввал дасту рӯй мешӯем, баъд онро дар ҳоҷатхона истифода мебарем. Ҷомашӯйиро дар хонаи духтарам, дар маҳаллаи дигар шаҳр мекунам”,-шикоят кард ин сокини маҳалла.

Бошандагони биноҳои ин маҳалл дар ҳоле моҳҳо бе об мондаанд, ки мегӯянд, барои ҳар як метри мукааби об 2 сомонӣ мепардозанд. Аммо маблағи истифодаи об дар дигар маҳаллаҳои Хуҷанд, ки аз сӯйи идораи “Хуҷандобуканал”  хизматрасонӣ мешавад 1,20 сомонӣ будааст.

Ин сокинон мегӯянд, баъди пош хӯрдани ҳукумати Шӯравӣ пойгоҳи обкаши хусусӣ шуд, вале мушкилии об ҳал нагардид.

Бошандагон дар таҳхонаи баландошёнаҳо зарфҳои 500-литрӣ харидаву насб кардаанд. Александр Бакчук гуфт, оби ин зарфро тариқи обкашҳо ба қабатҳои болоии бино мекашанд. Барои раҳоӣ аз мушкилии фишори пасти об ҳар як хонавода беш аз 2000 сомонӣ сарф кардааст. Аммо ӯ мегӯяд, “ҳоло ҳамин зарф низ бо об пур намешавад.”

Гулсара Урунова, як сокини дигар ин маҳалла ҳам аз он шикоят дорад, ки моҳҳо инҷониб наметавонад  фарзандонашро бо оби гарм шустушӯй диҳад, зеро ба ҳамоми онҳо об намеояд.

“Фарзанди мактабхон дорам, маҷбур ӯро ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳат барои оббозӣ ба хонаи хоҳарам барам. Фарзанди дигарам маъюб аст, ӯро имкони бардошта бурдан нест, як моҳ зиёдтар шуд, ки оббозӣ накардааст.  Дар ҳаммом обгармкунаки барқӣ дорем, вале об надорад”,- мегӯяд Урунова.

Ҳабиба Ҳошимова, раиси яке аз биноҳои ин маҳалла мегӯяд, онҳо дар ҳавлие ҳавз  сохта об захира кардаанд, то сокинон беоб намонанд. Вай афзуд, ин ҳавз асосан барои обёрии дарахтон пешбинӣ шудааст, вале маҷбуранд аз оби он истифода баранд. Зеро ба гуфтаи раиси бино ҳоло обе, ки аз суйи ширкати обрасон дода мешавад оби полезӣ буда барои саломатӣ зиён дорад.  

“Мо ба ҳукумат, мақомоти прокуратура муроҷиат кардем, ваъда медиҳанд, ки об меояд, баъди чанд рӯз боз мушкили беобӣ ҳал намешавад. Мо розӣ ҳастем, ки ба системаи обрасонии “Хуҷандобуканал” пайваст шавем, аммо ин идора баҳонаи маблағи зиёд барои харидориву кашидани қубури обро пеш меорад”,-мегӯяд Ҳабиба Ҳошимова

Масъулини ширкати обрасон мушкили камбуди обро эътироф мекунанд, вале мегӯянд ба сокинон на обе полезӣ, балки оби тозаи нӯшокӣ медиҳанд.

Насим Фозилов, мудири ҶДММ “Хизматрасон-2013” дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, мақомоти Хуҷанд ва аҳолӣ дар назди ин ширкат садҳо ҳазор сомонӣ қарздоранд ва ширкат дучори бӯҳрони молӣ шудааст. Ин ширкат аз Шабакаҳои барқӣ беш аз 50 ҳазор сомонӣ қарздор шудааст.

Фозилов мегӯяд, соли ҷорӣ чанд бор ба унвони шаҳрдории Хуҷанд мактуб навишт то қарзро баргардонанд ва ширкат аз вартаи бӯҳрон раҳо ёбаду муаммои обрасонӣ ба аҳолиро ҳал кунанд, аммо бенатиҷа.

Ба иддаи масъулони ин ширкат ҳоло Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии Хуҷанд ва муштариён аз ин ширкат 208 ҳазору 548 сомонӣ қарздоранд.

Ин ширкат ҳам ба далели қарздорӣ аз идораи барқ наметавонад аз пойгоҳи Сартӯқай об бигирад, ба ҳамин хотир маҷбур аст обро аз чоҳи амудии маҳалли 3-юм бигирад, ки фишораш паст аст.

Бошандагони маҳаллаи 3-уми шаҳр мегӯянд, ранҷи камбуди обро ду даҳсола аст, ки мекашанд. Ба ҳукумати Хуҷанд низ борҳо муроҷиат кардаанд, ки  омодаанд аз ҳар хонавода 100 сомонӣ ҷамъоварӣ кунанд, то аз маҳаллаи 8-уми шаҳр лӯлаи об кашида шаваду ба низоми ягонаи “Хуҷандобуканал” пайваст шаванд. Инро онҳо ягона роҳи бо оби доимӣ таъмин шудан медонанд.

Идораи “Хуҷандобуканал” мегӯянд, тибқи як лоиҳа лӯлаи об ба маҳаллаҳои 1-2 ва 3-юм соли 2022 кашида мешавад ва баъдан хизматрасонии 9 бинои дучори мушкил ба мувозинати ин идора мегузарад. Аммо сокинон ба иҷроӣ шудани ин лоҳи хеле кам умед бастаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...