Мусодираи 120 ҳазор дона “хлопушка” аз як ҷавони 18-сола дар Душанбе

Кормандони милитсияи пойтахт як сокини шаҳри Бӯстони вилояти Суғдро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) боздошт намуданд. Бино ба маълумоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, аз боздоштшуда Билол Фарҳодови 18-сола 120 ҳазор дона маводи тарфгарӣ (хлопушка) дарёфту мусодира шудааст. Гуфта мешавад, аз рӯи ин далел нисбат ба Фарҳодов мутобиқи моддаи 199(1) […]

Кормандони милитсияи пойтахт як сокини шаҳри Бӯстони вилояти Суғдро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, аз боздоштшуда Билол Фарҳодови 18-сола 120 ҳазор дона маводи тарфгарӣ (хлопушка) дарёфту мусодира шудааст.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин далел нисбат ба Фарҳодов мутобиқи моддаи 199(1) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишоти он идома дорад.

Мувофиқи моддаи 199 (илов. 1) Кодекси ҷиноятии ҶТ, барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) ба андозаи аз 200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 10 то 25 ҳазор сомонӣ) ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола пеш аз фарорасии Соли нави мелодӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мавсими “шикор”-и маснуоти тарфгарӣ оғоз мебахшанд; он аввали моҳи декабр шурӯъ шуда, нуқтаи авҷаш ба рӯзҳои таҷлили ҷашни Соли нав рост меояд.

Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, ворид намудан, паҳнкунӣ ва фурӯши маводи тарфгарӣ дар Тоҷикистон аз соли 2008 манъ аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.