Кӯдаки сесола вазнин аст, падараш даргузашт. Пулиси Душанбе дар бораи пахш шудани 4 узви як хонавода

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вазъи саломатии кӯдаки сесолае, ки рӯзи 7-уми декабр ҳамроҳ бо падару модар вабародари 8-солааш аз сӯйи ронандаи мошини Mersedes таҳти фармони сокини Душанбе Нуралӣ Ғаффоров пахш шуда буд, вазнин арзёбӣ мешавад. Аз Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, имрӯз, 9-уми декабр ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ки ин кӯдаки сесола дар беморхона қарор дораду, пизишкон тамоми корро барои наҷоти ӯ карда истодаанд.

Рӯзи 7-уми декабр Нуралӣ Ғафоров, ронандаи 33-сола, ки ба иттилои РВКД Душанбе дар ҳолати мастӣ сари фармони мошин қарор дошт, 4 узви як хонавода – падару модар бо ду фарзандашонро дар кӯчаи Фирдавсии пойтахт пахш кард. Ба гуфтаи пулис, автомашина аввал ба суръати баланд девораи бетонии миёнаи роҳ бар мехӯрад ва сипас онҳоро пахш мекунад.

Падари ин хонавода Ҷамшед Абдухолиқов, пас як рӯзи ҳодиса дар беморхона даргузашт. Ҳоло вазъи саломатии модару кӯдаки 8-сола муътадил арзёбӣ мешавад, аммо аз вазъи саломатии кӯдаки 3-солаи ин хонавода нигаронӣ карда мешавад.

Ҳоло аъзои ин хонавода дар беморхонаи “Истиқлол” таҳти назорати пизишкор қарор доранд.

Раёсати корҳои дохилии Душанбе алайҳи ронанда бар асоси моддаи 212, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз карда, худи ронандаи гумонбар дар боздоштгоҳ қарор  дорад. Ин моддаи кодекси ҷиноӣ аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

РВКД Душанбе мегӯяд, ки дар 11 моҳи соли равон дар пойтахт бо гуноҳи ронандаҳои маст 4 ҳодисаи садамаи нақлиёт рух додааст, ки дар натиҷа 7 нафар ҳалоку 8 нафар захмӣ шудаанд. Пулис мегӯяд, ки ин  чаҳор ронанда ҳамагӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Ҳамчунин ба гуфтаи манбаъ, дар ҳамин давра дар Душанбе 358 далели дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт ошкор шудааст.

Ин дар ҳолест тибқи талаботи моддаи 332 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз ё ҷарима ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 18 000 сомонӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 5 сол таъйин карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...