Раиси Бонки миллӣ “гунаҳкор”-и асосии афзоиши нархи маҳсулотро гуфт

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода сабаби болоравии нархи маҳсулот дар кишварро ба фишорҳои берунӣ рабт дод. Ӯ, ки дирӯз, 8 декабр дар ҷаласаи парлумон лоиҳаи “Дурнамои сиёсати пуливу қарзии ҷумҳурӣ барои соли 2021 ва дар давраи миёнамуҳлат”-ро муаррифӣ мекард, болоравии нархи маҳсулотро дар кишвар дар ду соли охир тақрибан бетағйир номид. Ӯ дар назди […]

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода сабаби болоравии нархи маҳсулот дар кишварро ба фишорҳои берунӣ рабт дод. Ӯ, ки дирӯз, 8 декабр дар ҷаласаи парлумон лоиҳаи “Дурнамои сиёсати пуливу қарзии ҷумҳурӣ барои соли 2021 ва дар давраи миёнамуҳлат”-ро муаррифӣ мекард, болоравии нархи маҳсулотро дар кишвар дар ду соли охир тақрибан бетағйир номид.

Ӯ дар назди вакилон гуфт, болоравии нисбии нархи маҳсулот асосан дар моҳҳои феврал ва марти соли равон ба назар расида, дар маҷмӯъ, 2,4 фоизро ташкил дод.

– Дар як соли охир нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 5,3 дарсад, маҳсулоти ғайрихӯроокворӣ 6,6 ва хизматрасониҳо 8,9 дарсад қиммат шудааст,- зикр намуд Ҳоким Ҳолиқзода

Бонкдори асосии кишвар сабаби аслии болоравии нархи маҳсулотро ба омилҳои берунӣ рабт дод.

Ӯ гуфт, маҳз болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия, аз қабили гандум, равған ва шакар дар кишварҳои истеҳсолкунанда таъсири манфии худро ба нархи ин маҳсулот дар Тоҷикистон расонид.

– Асосан нархи маҳсулоти ниёзи аввалия қиммат шуд. Бинобар сабабе ки аксаран моли воридотӣ ҳастанд, таъсири худро ба мо расонид. Ҳамчунин логистика, яъне овардани молу маҳсулот низ қиммат шуд ва ин ба нархи маҳсулот дар кишвар бетаъсир намонд,- гуфт Холиқзода.

Ба гуфтаи раиси Бонки миллӣ, сатҳи таваррум дар кишварҳои асосии содиркунандаи молу коло ба Тоҷикистон аз 7 то 21 дарсадро ташкил додааст. Дар ҳоле ки сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар ин давра 6,3 фоизро ташкил медод.

Холиқзода гуфт, дар оянда барои пешгирии аз қимматшавии нархи маҳсулот Бонки милии Тоҷикистон фишангҳои худро истифода мебарад, ки омилҳои монетарии зиёд шудани таваррумро пешгирӣ намояд.

“Сарбории андозро кам ва истеҳсоли дохилиро зиёд бояд кард”

Дар ҳоле, ки раиси Бонки милии Тоҷикистон болоравии нархи маҳсулотро ба фишори берун рабт медиҳад, коршиносон мегӯянд, маҳз вобаста будани иқтисодиёт ба омилҳои беруна омили гаронии нарх аст.

Онҳо пешниҳод мекунанд, ки барои пешгирӣ аз болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия бояд истеҳсоли маҳсулотро дар кишвар бештар намуд ва сарбории андозро ба соҳибкорон камтар кард.

Рустам Раҳматзода, вакили парлумон ва раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон истеҳсоли бештари маҳсулоти кишоварзӣ ва сабукӣ ба соҳибкоронро роҳи асосии ҳалли мушкилот номид.

Ба гуфтаи ӯ, барои танзими нарх дар бозор истеҳсолкунандагони молу маҳсулот ва соҳибкорони хурду миёнаро бо маблағ бояд таъмин кунем.

– Бояд қарзҳое ки дар оянда ба соҳибкорон дода мешавад, имтиёзнок бошад ва фоизаш баланд набошад. Ҳамчунин, бояд занони соҳибкорро низ дастгирӣ кард,- гуфт Раҳматзода.

Номбурда бо ишора ба таъсири пандемия ва фишори омилҳои берун ба болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия гуфт, дар оянда бояд фишангҳое дар амал истифода барем, ки таҳдидҳои берунаро ба иқтисодиёт камтар кунад.

– Ин танҳо бо роҳи истеҳсолоти дохилӣ, кам кардани гаронии андоз, дастгирии молиявӣ ба воситаи бонкҳову ташкилотҳои қарзӣ ва баровардани коғазҳои қимматнок имконпазир аст, – иброз дошт раиси ҲИИТ.

Омили берунаро гунаҳкор намудан дар болоравии нархи маҳсулот дар кишвар дар ҳолест, ки ду соли охир  шикоят аз гаронии нархи маҳсулот дар авҷи пандемияи СOVID-19 дар кишвар бештар садо медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.