2:0: “Хуҷанд” барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2021

Дастаи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд тими “Истиқлол” – и Душанберор бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, барои бори панҷум барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуд. Ин бозӣ, имрӯз, 9-уми декабр, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Бозӣ дар 90 дақиқа вақти асосӣ бидуни гол ҷамъбаст шуд ва довар 30 дақиқаи дигар (ду даври 15-дақиқаӣ) таъин кард.  Дар замони изофа […]

Дастаи футболи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд тими “Истиқлол” – и Душанберор бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, барои бори панҷум барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуд.

Ин бозӣ, имрӯз, 9-уми декабр, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Бозӣ дар 90 дақиқа вақти асосӣ бидуни гол ҷамъбаст шуд ва довар 30 дақиқаи дигар (ду даври 15-дақиқаӣ) таъин кард. 

Дар замони изофа голҳоро Ҳоҷибой Зиёев дар дақиқаи 104 ва Артём Сердюк дар дақиқаи 117 заданд ва пирӯзии комили «Хуҷанд»-ро таъмин карданд.

Қаблан дар даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон «Истиқлол» ва «Хуҷанд» ду бор бо ҳам рӯбарӯ шудаанд. Соли 2010 душанбегиҳо бо ҳисоби 5:0 ва соли 2017 хуҷандиҳо бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буданд.

Ба ин тартиб, «Истиқлол» дар таърихи худ 8 маротиба – солҳои 2009, 2010, 2013, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019 барандаи Ҷоми Тоҷикистон шудааст. «Хуҷанд» панҷ маротиба – солҳои 1997/1998, 2002, 2008, 2017 ва 2021 Ҷоми кишварро ба даст овардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.