Додситонии кул ба тафтиши рӯйдодҳои Хоруғ оғоз кардааст

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои тафтиши мунсифонаи рӯйдодҳои ахири Хоруғ ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони он аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ гурӯҳи фаврии тафтишотӣ таъсис дода шудааст.

Ин хабарро нашрияи Вазорати корҳои дохилӣ «Қонун ва ҷомеа»  дар шумораи рӯзи 9-уми декабри соли 2021 чоп кардааст.

Дар хабар, аз ҷумла гуфта мешавад, Гулбиддин Зиёбеков (бар асари кушта шудани ӯ мардум дар Хоруғ даст ба эътироз заданд, – шарҳи идора), сокини ноҳияи Роштқалъа 25-уми ноябр зимни боздошт аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз миён бурда шуд.

“Роҳбарон ва аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша барои расидан ба ҳадафҳои ҷинояткоронаи худ аз ин ҳодиса ҳамчун баҳона барои ҷамъ овардани мардум дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти ВМКБ ва шаҳри Хоруғ истифода бурданд”, – зикр мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни ҳодисаи мазкур 12 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди ҳамла қарор гирифта, ҷароҳат бардоштанд.

Дар ҳамин ҳол, дар бораи ҷабрдидаву осебдидагон миёни аҳолии осоишта маълумот дода намешавад.

“Бо мақсади тафтиши дақиқ, шаффоф ва воқеъбинонаи ин ҳодиса, инчунин ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони он бо дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  таҳти роҳбарии прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон гурӯҳи фаврии тафтишотӣ таъсис дода шуд. Ҳайати он аз 20 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 6 намояндаи ҷомеаи шаҳрвнадӣ иборат аст”, – омадааст дар хабар.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки  аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати афроди ба бетартибиҳои оммавӣ, амали ғайриқонунӣ ва содир шудани ҷиноятҳо дастдошта парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ ҷараён доранд.

Ёдрас мекунем, ки гирдиҳамоии эътирозӣ дар Хоруғ рӯзи 25 ноябр пас аз кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков оғоз гардид. Эътироз 4 рӯз давом карда, танҳо пас аз гуфтушунид бо мақомоти ҳокимият, ки дар он бобати шартҳои тағйири вазъ дар минтақа тавофуқ ҳосил шуд, гирдиҳамомадагон пароканда шуданд.

Дар ҳамин ҳол, қарордҳои дар ҷараёни гуфтушунидҳо ҳосилшуда иҷро намешаванд. Аз ҷумла ҷонибҳо ба тавофуқ расида буданд, ки иштирокчиёни гирдиҳамоӣ ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

Дар мавриди ин ки ин шабу рӯзҳо дар Хоруғ чӣ гузашту мегузарад, дар сужаи мо бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...