Дар Тошканд сохтмони бинои сафорати Тоҷикистон оғоз шуд

Дар Тошканд бинои нави сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ӯзбекистонбунёд мешавад. Рӯзи 8-уми декабр маросими оғози расмии бунёди бинои нав оғоз шуд. Дар маросими оғози расмии сохтмон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки бо сафари корӣ дар ин кишвар қарор дошт, ширкат кард,-хабар медиҳад ВКХ.  Ба иттилои манбаъ, майдони бинои нави сафорати Тоҷикистон 1,40 ҳектор буда, […]

Asia-Plus

Дар Тошканд бинои нави сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ӯзбекистонбунёд мешавад. Рӯзи 8-уми декабр маросими оғози расмии бунёди бинои нав оғоз шуд.

Дар маросими оғози расмии сохтмон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ки бо сафари корӣ дар ин кишвар қарор дошт, ширкат кард,-хабар медиҳад ВКХ. 

Ба иттилои манбаъ, майдони бинои нави сафорати Тоҷикистон 1,40 ҳектор буда, бар асоси созишномаи ҳукуматҳои ду кишвар дар мавриди мутақобилан ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди сафоратхонаҳои якдигар,  ихтисос ёфтааст. 

Тибқи лоиҳа маҷмааи биноҳои сафорат аз қароргоҳи раҳбари намояндагӣ, бинои консулӣ, хонаҳои истиқоматӣ барои кормандон, толори зиёфат ва маҷлисгоҳ, гузаргоҳҳои назоратӣ, таваққуфгоҳ ва майдончаи варзишӣ иборат хоҳад буд.

Бар асоси созишномаи дар боло ёдшуда, бинои сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар маҳаллаи Зарафшон, дар паҳлӯи саоратхонаи ИМА, дар майдони 1,2 ҳектор бунёд мешавад. Дар назар гирифта шудааст, ки моҳи октябри имсол ба баҳрабардорӣ супурда шавад. 

Дар ҳоли ҳозир сафорати Тоҷикистон дар Тошканд дар кӯчаи Абдулло Қаҳҳор 61 ва сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Душанбе дар кӯчаи Саноӣ 30 ҷойгир мебошанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.