Иззат Амонро ба зиндони “Якум Советский” бурдаанд

Иззат Амон, ҳомии зиндонии ҳуқуқи муҳоҷиронро мақомоти Тоҷикистон барои адои ҳукм аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба маҳбасе дар шаҳри Душанбе бурдаанд. Дар ин бораи радиои "Озодӣ" бо такя ба писари маҳкумшуда Муҳаммадюсуф Холов хабар медиҳад. Писари Иззат Амон рӯзи 9-уми декабр гуфтааст, ки падараш дар зиндони воқеъ дар маҳаллаи маъруф бо номи "Якум Советский" нигаҳдорӣ хоҳад шуд. Дар […]

Иззат Амон, ҳомии зиндонии ҳуқуқи муҳоҷиронро мақомоти Тоҷикистон барои адои ҳукм аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба маҳбасе дар шаҳри Душанбе бурдаанд.

Дар ин бораи радиои "Озодӣ" бо такя ба писари маҳкумшуда Муҳаммадюсуф Холов хабар медиҳад. Писари Иззат Амон рӯзи 9-уми декабр гуфтааст, ки падараш дар зиндони воқеъ дар маҳаллаи маъруф бо номи "Якум Советский" нигаҳдорӣ хоҳад шуд.

Дар Вазорати адлия ҳам ба манбаъ гуфтаанд, Иззат Амон то ду ҳафтаи дигар дар ин зиндон дар карантин мемонад ва сипас бо шароити иқомат дар онҷо шинос карда мешавад.

Иззат Амон рӯзи 19 октябр, бо қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе 9 сол равонаи зиндон гардид. Аз ин пештар, вакили дифои Иззат Амон изҳори умедворӣ карда буд, ки бо эълони афв ба муносибати 30-солагии Истиқлол парвандаи Иззат Амон шомили афв мешавад.

16-уми ноябри имсол Додгоҳи Олии Тоҷикистон зимни баррасии наздикони Иззат Амон ҳукми зинаи поёнии додгоҳро бетағйир гузошт.

Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва баъдан ВКД Тоҷикистон гуфт ӯро дар Душанбе боздошт ва алайҳи ӯ бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.