Русия соли 2022 барои муҳоҷирон IT-корти бемуҳлат ҷорӣ мекунад

Asia-Plus

“Дар сиёсати муҳоҷирати Русия тағйирот сурат мегирад. Ислоҳоти қонунгузорӣ дар арафаи анҷомёбӣ буда, то нимаи соли 2022 лоиҳаи он ба Думаи давлатӣ пешниҳод мешавад”, – гуфтааст президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов.

 Тавре ки "Российская газета" хабар медиҳад, бо қабули қонун то охири сол IT-корти рақамии муҳоҷир ҷорӣ мешавад.

Ба гуфтаи Коженов, IT-корт шиносномаҳои кормандони кишварҳои аслашонро иваз намуда, санади тасдиқкунандаи шахсият хоҳад шуд.

“Он ба муҳлати 10 сол дар саросари Русия амал карда, патент барои кор ба минтақаи додашуда вобаста аст. Дар давоми 10 сол агар дорандаи корт ягон қонуншиканӣ надошта бошад, он бемуҳлат мешавад”, – гуфтааст Коженов.

Ӯ хабар додааст, ки феҳристҳои электронии корфармо ва муҳоҷирон омода мешаванд. Онҳо кирои “рақамӣ”-и хориҷиёнро ба кор танзим мекунанд. Ба ин тариқ, Коженов ғайримустақим маълумот дар бораи коҳиши раванди муҳоҷиратро рад мекунад.

Баръакс, тибқи маълумоти ВКД, соли 2021 шумори хориҷиёни худро ба қайд гузошта афзудааст. Агар соли 2020 шумори онҳо 8 млн 327 ҳазору 24 нафарро ташкил медод, пас соли 2021 ин рақам  то ба 10 млн 616 ҳазору 980 нафар расидааст.

Бино ба маълумоти Комиссияи авруосиёии иқтисодӣ, соли 2021 низ шумори муҳоҷирон дар Русия бештар шуда, лекин дар соҳаҳои боррасониву сохтмон норасоии онҳо ба мушоҳида мерасад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...